Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Чаро яке рушд дораду дигаре қафомонда?
Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Аммо тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли ҷорӣ, нишондиҳандаҳои онҳо яксон нестанд. Танҳо ду минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд» ва «Данғара» ба марказҳои воқеии истеҳсол ва ҷалби сармоя табдил ёфтаанд. Минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Кӯлоб» ва махсусан «Ишкошим» ҳанӯз аз имконияту иқтидори пешбинишуда пурра истифода накардаанд.
МИО «Суғд» дар мақоми аввал
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 52 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон боз чор субъекти нав ба фаъолият оғоз кардаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақа дар ин давра ба 290 миллион сомонӣ расида, он аз рӯйи истеҳсол миёни ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мақоми аввалро нигоҳ доштааст. Албатта, ин натиҷа якбора ба даст наомадааст. МОИ «Суғд», ки соли 2008 таъсис ёфтааст, имрӯз таҷрибаи беш аз понздаҳсолаи фаъолият дорад. Дар ин муддат он тавонист муҳити устувори истеҳсолӣ ва шабакаи васеи корхонаҳоро ташаккул диҳад.

роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
Дар минтақа корхонаҳои истеҳсоли профилҳои алюминӣ ва пластикӣ, маҳсулоти полимерӣ, симу ноқилҳои барқӣ, мебел, масолеҳи сохтмонӣ, меваи хушк ва ахиран воситаҳои хурди нақлиёти барқӣ фаъолият мекунанд. Самти гуногун дар истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими устувории иқтисодии минтақа ба ҳисоб меравад.
Нишондиҳандаҳои даҳ соли охир низ ин воқеиятро тасдиқ мекунанд. Агар соли 2016 ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 73,3 миллион сомониро ташкил медод, пас соли 2025 он ба 557,7 миллион сомонӣ расид. Яъне, истеҳсол беш аз 7,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Бартарии дигари МОИ «Суғд» дар он аст, ки қисми зиёди корхонаҳо танҳо барои бозори дохилӣ фаъолият намекунанд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи ин минтақа ба Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон, Беларус, Озарбойҷон, Ироқ ва чанд кишвари дигар содир мешавад. Барои мисол, корхонаи «Афранг Пластик» то 80 фоизи маҳсулоти худро ба хориҷ мефиристад. Корхонаи «Донаи Алмос» бошад, меваи хушкро ба чандин бозори хориҷӣ содир мекунад. Яъне, ин нишон медиҳад, ки МОИ «Суғд» аз марҳилаи ивазкунандаи воридот гузаштааст. Он ҳамчун минтақаи истеҳсолу ба содирот нигаронида табдил ёфтааст.
МОИ «Данғара» дар мақоми дуюм
Дар баробари «Суғд», Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ солҳои охир босуръат рушд мекунад. Имрӯз дар он 38 субъект фаъол буда, танҳо дар нимсолаи аввал ҳафт субъекти нав ба қайд гирифта шудаанд. Ин ҳам аз таваҷҷуҳи бештари сармоягузорон ба ин минтақа далолат мекунад. Истеҳсол дар ин минтақа бештар ба саноати вазнин ва коркарди ашёи хом равона гардидаст. Корхонаҳои истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, маҳсулоти нафтӣ, қубурҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти бетонӣ, рангҳои сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзии коркардшуда ва маҳсулоти тамоку фаъолияти асосиро ташкил медиҳанд.

роҳбари МОИ «Данғара»
Дар давоми даҳ соли охир истеҳсол дар «Данғара» беш аз 12 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳоло ин минтақа аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол аз «Суғд» қафо мондааст. Аммо аз рӯйи суръати рушди сармоягузорӣ яке аз минтақаҳои фаъолтарин маҳсуб меёбад.
Чаро минтақаҳои дигар ақиб монданд?
Се минтақаи дигари иқтисодӣ дар муқоиса ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, яъне «Суғд» ва «Данғара» ҳанӯз натавонистаанд ба маркази бузурги истеҳсолу содирот табдил ёбанд. Ба андешаи таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, МОИ «Панҷ» аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ бартарии бузург дорад.

Наздикии он ба сарҳади Афғонистон имкони рушди тиҷорати минтақавӣ ва логистикаро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, истеҳсоли минтақа то ҳол асосан ба фаъолияти чанд корхона такя мекунад. Ҳарчанд содирот ба Афғонистон идома дорад ва нақшаҳои таъсиси кластери нассоҷӣ пешниҳод шудаанд, сатҳи диверсификатсияи истеҳсол ҳанӯз маҳдуд боқӣ мемонад.

МОИ «Кӯлоб» ҷавонтарин минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад ва бештар дар марҳилаи ташаккули инфрасохтор қарор дорад. Дар ин ҷо сохтмони корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ, маҳсулоти гигиенӣ, косметика ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Аммо бо вуҷуди сармоягузории назаррас, ҳаҷми истеҳсол кам аст.

Вазъи МОИ «Ишкошим» боз ҳам мушкилтар аст. Ҳарчанд дар ин минтақа чор субъект ба қайд гирифта шудааст, истеҳсоли воқеии саноатӣ амалан вуҷуд надорад. Имкониятҳои рушди сайёҳӣ, тиҷорати сарҳадӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд.
Имтиёз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар соли равон гуфт, ки ҳамаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз як низоми ягонаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ истифода мебаранд.
«Субъектҳо аз аксари андозҳо озод буда, таҷҳизот ва ашёи хомро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ворид мекунанд. Ҳангоми содироти маҳсулот низ аксари маҳдудиятҳои гумрукӣ татбиқ намешаванд»,- таъкид дошт номбурда.
Бо вуҷуди ин, таҷрибаи амалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки танҳо имтиёзҳо рушди истеҳсолро таъмин намекунанд. Агар имтиёзҳо ягона омили ҳалкунанда мебуданд, ҳамаи панҷ минтақа бояд натиҷаҳои якхела медоштанд. Аммо имрӯз фарқият миёни «Суғд» ва «Ишкошим» хеле назаррас аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои дигар, яъне ҷойгиршавӣ, инфрасохтори нақлиёт, дастрасӣ ба бозорҳо, сифати идоракунӣ, таъмини нерӯи барқ ва қобилияти ҷалби сармоягузорони воқеӣ нақши асосӣ мебозанд.
Таҷрибаи МОИ «Суғд» нишон медиҳад, ки минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад ба муҳаррики рушди саноат табдил ёбад. Афзоиши чандинкаратаи истеҳсол, тавсеаи бозорҳои содиротӣ ва зиёд шудани шумораи корхонаҳои воқеан фаъол далели равшани ин аст.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ тадриҷан ба чунин сатҳ наздик мешавад ва эҳтимол солҳои наздик рақобати ҷиддитареро бо Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба вуҷуд орад.
Аммо барои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Кӯлоб» ва махсусан «Ишкошим» вазифаи асосӣ ҳоло таъсиси субъектҳои нав не, балки ба истеҳсол ворид намудани лоиҳаҳои мавҷуда мебошад. Инчунин, фаъол гардонидани корхонаҳои сабтиномшуда ва истифодаи пурраи имкониятҳои ҷуғрофию иқтисодӣ муҳим аст.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ