Раҷаб Амонов – поягузори фолклоршиносии тоҷик (видео)
Имрӯз академик Раҷаб Амонов зодрӯз дорад. Раҷаб Амонов ҳамчун фолклоршинос, адабиётшинос ва нависандаи маъруф 1 – уми августи соли 1923 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст.
Номбурда беш аз панҷоҳ соли умрашро ба омӯзиш, гирдоварӣ ва ҳифзи эҷодиёти шифоҳии халқ бахшидааст.
Раҷаб Амонов муаллифи даҳҳо асари илмӣ, аз ҷумла «Лирикаи халқи тоҷик», «Аз пайи ҳикмати халқ» ва «Афсонаи сеҳазорсола» мебошад.
Ҳамчунин, номбурда қиссаву ҳикояҳо навишта, дар таҳияи китобҳои дарсӣ саҳм гузоштааст.
Академик Раҷаб Амонов бо ҷоизаҳои давлатӣ ва ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.
Номи ӯ ҳамчун яке аз поягузорони мактаби фолклоршиносии тоҷик ҷовидон аст. Осори ӯ имрӯз ҳам барои муҳаққиқон ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ арзишманд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ