ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)

Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»

Ба андозаи фуруд омадани чархбол чеҳраҳои одамони майдон  равшантар намудор мегашт, аммо ин ба касе оромӣ намебахшид.

Мурод Саидов аз ҷой нимхез шуд ва аз тиреза ба поён нигарист. Нигоҳаш мехост чеҳраҳоро аз ҳам ҷудо созад, аммо аз баландӣ ин кори осон нест. Он рӯзҳо дар Афғонистон силоҳ ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаи мардум гашта буд. Муайян кардани дар майдон будагон, ки муҳофизони мулоқотанд ё гурӯҳи дигаре, имкон надошт.

Чархболҳо нарм ба замин нишастанд. Чанд сония танҳо садои муҳаррикҳо шунида мешуд. Гарду ғуборе, ки чархҳо хезониданд, майдонро фаро гирифт. Чеҳраҳои одамони дар поён истода гоҳ аён мешуданду гоҳ нопадид.

Аввалин шуда Мурод Саидов аз ҷояш хест ва дарро кушод.

Чархбол ҳанӯз пурра аз ҳаракат намонда буд. Сайидамир Зуҳуров аз он поён ҷаҳид. Ӯ бо як нигоҳ майдонро аз назар гузаронд. Нигоҳаш аз ҳалқаи мусаллаҳон, мошинҳои дар канор истода ба роҳи баромад гузашт. Сипас, кӯтоҳ ба Мурод Саидов нигоҳ кард. Ҳар ду бе ягон калима ҳамдигарро фаҳмиданд.

Танҳо баъд Сайидамир Зуҳуров бо ишораи сар ба дари чархбол нигарист. Ин ҳамон ишорае буд, ки ҳама интизориаш мекашиданд. Президент аз чархбол фаромад. Бо фаромадани ӯ ҳалқаи муҳофизон ноаён тангтар шуд. Дар чунин амал амният танҳо дар силоҳ не, дар ҳамоҳангии нигоҳҳо ва ишораҳо буд.

Ҳанӯз чархҳо аз ҳаракат бознамонда, ду «Ланд Крузер»-и дар канори майдон истода ба чархбол наздик омаданд. Ҳама амал бе шитоб, вале бо дақиқии пешакӣ тарҳрезишуда анҷом мепазируфт.

Дари мошини аввал кушода шуд. Президент ба он нишаст. Аз дари пеш Мурод Саидов ворид гашт. Сайидамир Зуҳуров бори дигар ба атроф назар андохта, ба мошини дуюм савор шуд. Лаҳзае пас ҳар ду мошин бо суръат аз ҷой ҷастанд. Онҳо чанги майдонро ба ҳаво хезонда, аз миёни силоҳбадастон гузашта, ба роҳи танги байни кӯҳҳо даромаданд.

Дар оғӯши Панҷшер

Роҳ миёни кӯҳҳо печутоб мехӯрд. Мошинҳо бе шитоб пеш мерафтанд. Чархҳо гоҳ аз болои харсангҳо гузашта, баланд мешуданд, гоҳ ба чуқуриҳо бармехӯрданд. Дар баъзе ҷойҳо роҳ чунон танг мегардид, ки ба назар мерасид ду мошин аз паҳлуи ҳам гузашта наметавонанд.

Президент аз тиреза ба берун менигарист.

Кӯҳҳо аз ҳар ду тараф чунон ба ҳам наздик меомаданд, ки гӯё роҳро дар оғӯши худ мегирифта бошанд. Дар нишебиҳо нишонаи зиндагӣ кам ба назар мерасид. Фақат гоҳе хонаҳои гилие ба назар менамуданд, ки ба харсангҳо такя доштанд.

Дар болои теппаҳо ва канори ағба гоҳ-гоҳ симои одамони мусаллаҳ намудор мегашт. Онҳо ҳаракати корвони мошинҳоро аз дур назорат мекарданд. Эҳтимол нерӯҳое буданд, ки амнияти роҳро таъмин менамуданд. Ё шояд не.

Мурод Саидов ба тахмин такя намекард. Нигоҳаш пайваста аз роҳ ба доманаи кӯҳҳо, аз доманаи кӯҳҳо ба қуллаҳо мегузашт. Ҳар ҷунбиш, ҳар соя ва ҳар нуқтаи шубҳанокро бо диққат месанҷид.

Ӯ ба Президент чизе нагуфт. Дар чунин сафарҳо осудагии роҳбар низ ҷузъи кори амният буд.

Дар пеш ва пас мошинҳои муҳофизон ҳаракат мекарданд.

Роҳ печутоб мехӯрд. Бо ҳар гардиши нав аз паси сангҳо ё аз домани кӯҳ чанд нафар силоҳбадаст пайдо мешуданд. Онҳо сухане бар забон намеоварданд. Корвонро бо чашм гусел мекарданд ва ҳанӯз мошини охирин аз пешашон нагузашта, боз ба ҷойҳои худ бармегаштанд. Аз чеҳраҳои онҳо чизеро хондан мумкин набуд. На табассум мекарданд ва на даст меафшонданд. Танҳо бо нигоҳи хомӯш ҳаракати корвонро пайгирӣ менамуданд.

Дар канори роҳ чанд кӯдак меистоданд. Онҳо либосҳои кӯҳнаву ҷанда бар тан доштанд. Чеҳраҳояшон аз чангу офтоб тира гашта буд. Хомӯш ва бо чашмони кунҷков ба корвони мошинҳо менигаристанд. Президент нигоҳашро аз онҳо канда натавонист. «Инҳо фарзандони ҷанганд…» аз дил гузаронд. Онҳо аз паси мошинҳо намедавиданд, даст ҳам намеафшонданд. Танҳо нигоҳ мекарданд.

Пеши назари Президент боз ҳамон духтарчаи чорсола пайдо шуд. Мӯйҳои парешон, нигоҳи ҳайрон ва пирамарди навадсолаи дар паҳлуяш истода. Он манзара чунон равшан буд, ки гӯё на хотира, балки воқеаи дар ҳамин лаҳза рӯйдода бошад.

Ӯ чизе нагуфт. Дар чунин лаҳзаҳо сухан қудрати худро гум мекунад.

Ҷанг аз ин наврасон кӯдакиро рабуда буд. Каме дуртар ду пирамард рӯйи санге менишастанд. Яке асояшро бо ду даст дошта, ором ба мошинҳо менигарист. Дигаре танҳо сар ҷунбонд. Дар он нигоҳҳо кунҷковӣ бештар аз ҳарос буд.

Президент беихтиёр фикр кард, ки ҷанг, новобаста аз он ки дар Тоҷикистон аланга мегирад, ё дар Афғонистон, пеш аз ҳама чеҳраи одамонро дигар мекунад.

Абдуллоҳи Нурӣ чаро ҳузур надошт?

Мошинҳо хамгашти дигарро убур намуданд. Дар пеш деҳае падидор шуд. Мурод Саидов оҳиста гуфт:

Хусдеҳ…

Мошинҳо назди ҳавлие, ки дар канори деҳа қарор дошт, истоданд. Ин ҷо макони мулоқот буд. Дар ду тарафи роҳ мардони панҷшерӣ саф ороста буданд. Аксарият саллаҳои сафед ё сиёҳ бар сар, пероҳану шалвори маҳаллӣ бар тан доштанд. Дар чеҳраҳояшон на шӯру шавқ дида мешуду на ҳаяҷон. Онҳо бо чунон оромие меҳмонро пешвоз мегирифтанд, ки танҳо ба мардуми кӯҳистон хос аст. Президент аз мошин фаромад. Дасти мӯйсафедонро як-як фишурд. Мӯйсафеди нуроние ду даст ба сӯйи меҳмон дароз кард:

– Хуш омадед, Панҷшер хонаи шумост.

Касе даст ба сина мегузошт, баъзеҳо бо эҳтиром таъзим ба ҷо меоварданд.

Ҳама чиз одӣ буд, аммо дар ҳамин содагӣ меҳрубонии мардуми Панҷшер эҳсос мешуд.

Президент ба андеша рафт: мардуме, ки солҳо дар миёни ҷанг зиндагӣ мекунанд, расми меҳмондориро аз ёд набурдаанд.

Ҳамин дам аз миёни ҳозирон Аҳмадшоҳи Масъуд пайдо гашт. Ин бори аввал набуд, ки онҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Дар мулоқотҳои пешин якдигарро хуб шинохта буданд ва ҳар ду медонистанд, ки дар чунин рӯзҳо эътимод арзиши беш аз ҳар гуна санадро дорад.

Онҳо ба ҳам наздик шуданд. Даст доданд. Дастфишорӣ кӯтоҳ буд, аммо самимӣ. Баъд ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.

Ҳозирон ин манзараро хомӯшона наззора доштанд. Онҳо дарк намуданд, ки ин вохӯрии ду шахси одӣ нест, ин мулоқоти ду нафарест, ки ҳар кадом бо роҳи худ барои боз кардани гиреҳи сулҳи тоҷикон саҳмгузоранд.

Президент ба гирду атроф назар андохт. Чеҳраҳои зиёдеро медид. Фармондеҳон. Мӯйсафедон. Ҷавонон. Меҳмонон. Аммо чашмонаш каси дигареро низ меҷустанд. Абдулло Нуриро. Ӯ набуд. Президент бори дигар ба издиҳом нигарист. Не, ҳанӯз наомада буд. Лаҳзае дар ташвиш шуд, ки мабодо ҳодисае рух надода бошад?

Ин ҷустуҷӯи хомӯшона аз назари Аҳмадшоҳи Масъуд пинҳон намонд. Вай солҳои зиёд дар миёни ҷанг зиндагӣ мекард. Медонист, ки баъзан як нигоҳ аз сад сухан пурмаънотар аст. Бе он ки чизе пурсад, чанд қадам аз ҷамъомадагон канор рафт.

Мухобираро аз камар гирифт. Бо овози паст, вале қатъӣ гуфт:

– Бо раҳбари муҳофизини хоси Абдулло Нурӣ рух кун.

 Пас аз чанд лаҳза аз он сӯ овоз омад:

– Гӯш мекунам.

– Устод куҷост?

– Дар қароргоҳ.

– Чаро ин ҷо нест?

Аммо он тараф хомӯш монд.

Аҳмадшоҳи Масъуд мухобираро оҳиста ба камараш овехт. Дар чеҳрааш чизе тағйир наёфт. Гӯё аз он тарафи мавҷҳо ҳеҷ хабари ғайричашмдошт нашунида бошад.

Ӯ ором ба назди меҳмонони тоҷикистонӣ омад. Бо эҳтиром Президент ва ҳамроҳонашро ба хона даъват намуд. Меҳмонон вориди хона шуданд.

Аҳмадшоҳ Сайидамир Зуҳуровро канор кашид, чизе гуфт ва берун рафт.

Дар ҳавлӣ аллакай ду мошин ва чанд афсари сар то ба по мусаллаҳ ӯро интизор буданд. Пас аз лаҳзае мошинҳо роҳ ба сӯйи қароргоҳи  Абдулло Нурӣ пеш гирифтанд.

Аҳмадшоҳи Масъуд тамоми роҳ ҳарфе нагуфт. Ӯ хуб медонист, ки ҳар дақиқаи таъхир метавонад на танҳо ба музокирот, балки ба эътимоде, ки бо чунин заҳмат миёни ду тараф ба вуҷуд омада буд, осеб расонад.

Ин роҳ барояш иқдом ба сӯйи сарнавишти мулоқоте буд, ки тамоми минтақа аз он умед дошт.

Мошинҳо назди қароргоҳ истоданд. Ҳавлӣ бо девори баланди гилӣ иҳота шуда, дарвозаи бузурги чӯбин аз дарун баста буд. Аз пушти девор на овозе меомад, на ҳаракате ба назар мерасид. Хомӯшие ҳукмфармо буд, ки аз оромии маъмулии деҳа фарқ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *