ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)
Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»
Чархбол ба соҳили дигари рӯди Панҷ гузашт. Лаҳзае касе нафас намекашид. Ҳама нигоҳҳо ба домони фарохи рӯди Панҷ дӯхта шуданд. Гӯё ҳар кадоме бо нигоҳ бо Ватан хайрбод мегуфт. Нахуст Мурод Саидов ором, зери лаб гуфт:
– Гузаштем…
Касе посух надод.
Баъди чанд лаҳза овози дигаре баланд шуд:
– Хоки Афғонистон…
Ин ду калима дар кабина садои санги ба коми об фурӯрафтаро мемонданд. Ҳама медонистанд, ки акнун дигар дар паси онҳо на посгоҳҳои Тоҷикистон буданду на кафолати амният. Онҳоро чӣ интизор буд, касе намедонист.
Президент хомӯш аз тиреза ба соҳили дигари рӯд нигарист. Дар чеҳрааш на изтироб хонда мешуд ва на дудилагӣ. Танҳо нигоҳаш ҷиддитар гардида буд.
Чархбол аз болои Панҷ гузашта, ба фазои Афғонистон амиқтар фурӯ рафт.
Шикасти девори эътимод
Замин дар марзи Афғонистон ранги дигар дошт. Мазраъаҳои камоб мисли чазираҳои хурди сабз дар паҳнои даштҳои хокистарӣ пароканда буданд. Аз байни онҳо ҷӯйҳои борике мегузаштанд, ки гӯё бо ҳар қатраи об барои зинда мондани замин мубориза мебурданд. Дуртар кӯҳҳои азим мисли девори чинӣ қомат рост карда буданд.
Чархбол ба умқи фазои Афғонистон ворид мешуд, аммо риштаи хаёлот Президентро ба гирдоби ҳодисоти рӯзҳои гузашта мебурд.
Моҳи майи соли 1995. Кобул. Президент он сафарро ҳанӯз фаромӯш накардааст. Бо даъвати Раисҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ӯ бори нахуст рӯ ба рӯ бо Абдулло Нурӣ нишаст. Он мулоқот на танҳо вохӯрии ду роҳбар, балки аввалин қадаме буд, ки ду ҷониби ҷанг ба сӯйи ҳам гузоштанд. Аз ҳамон рӯз музокироти сулҳ дигар танҳо кори ҳайатҳо набуд; сарнавишти он ба иродаи ду нафар вобаста гардид.
То он рӯз миёни ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аллакай се даври музокирот дар Маскав, Теҳрон ва Исломобод сурат гирифта буд. Дар паси мизи музокирот суханони зиёде гуфта шуданд, ҳуҷҷатҳо омода гардиданд, ваъдаҳо садо доданд, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз садои тир хомӯш намегашт.
Оташбас борҳо эълон мешуду боз оташи ҷанг аланга мезад. Ин ба девори эътимод рахна ворид менамуд.
Аз ин рӯ, ҳама дарк мекарданд: то даме ки роҳбарони ду ҷониб рӯ ба рӯи ҳам нанишинанд, то даме ки сухан аз забони миёнаравон ба забони худи онҳо нагузарад, сулҳ орзу мемонад.
Кобул бояд девори нонамоёни беэътимодиро пора месохт.
Лаҳзаи аввалин мулоқот ҳанӯз ҳам пеши назараш равшан буд. Толор дар сукути амиқ фурӯ рафта буд. Ҳама нигоҳҳо ба онҳо дӯхта шуда буданд. Вақте ӯ ва Абдулло Нурӣ ба ҳам наздик шуданд, вақт гӯё лаҳзае аз ҳаракат бозмонд. Нахуст нигоҳҳо ба ҳам расиданд, сипас дастҳо.
Он дам Бурҳониддин Раббонӣ бо табассум гуфт:
– Акнун, ки даст додаю салом карданд, иншооллоҳ ба Тоҷикистон сулҳ ҳам меояд.
Ин ҷумла он рӯз як орзуе менамуд. Аммо аз ҳамон дастфишорӣ роҳи сулҳ оғоз ёфт. Ҳарчанд ҳама мушкилот ҳал нашуданд, ҷанг якбора қатъ нагардид. Аммо нахустин бор ба ҷойи садои тир садои гуфтушунид баланд шуд.
Президент, ки аз тирезан чархбол ба домани кӯҳҳо дида дӯхта буд, дар дил андешид: Шояд сулҳ ҳам аз ҳамин гуна лаҳзаҳои хурд оғоз меёбад. Аввал як нигоҳ. Баъд дастфишорӣ ва сипас дигаргунӣ дар сарнавишти миллат.
Вале мулоқоти Кобул бо сулҳ анҷом наёфт. Он мулоқот танҳо дари бастаро кушод. Аммо аз дар даромадан ҳам ҳанӯз маънои ба манзил расиданро надошт. Баъд аз он ҳайатҳои ду ҷониб боз дар Алмаато гирди мизи музокирот нишастанд. Баҳсҳо тӯлонӣ буданд. Ҳар тараф ҳақиқати худро дошт. Ҳар банди хуҷҷат бо душворӣ таваллуд мешуд. Гоҳе чунин менамуд, ки то сулҳ ҳамагӣ як қадам мондааст. Аммо ҳамон як қадам чун сароб дуртар мерафт. Ӯ медонист, ки миллатро дигар наметавон бо фармон гирди ҳам овард. Онро танҳо дарди муштарак метавонист дубора муттаҳид созад. Гӯё тақдир дар пеши ӯ ҳамон масъулиятеро гузошта буд, ки замоне бар дӯши Исмоили Сомонӣ афтода буд.
Чархбол ба Панҷшер наздик меомад. Ӯ ҳис мекард, ки ин мулоқот идомаи ду мулоқоти пешин нест. Он имтиҳони ҳама он гуфтушунидҳое буд, ки дар Кобул оғоз ёфта, дар Теҳрон андаке шакл гирифт.
Президент ба Сайидамир Зуҳуров нигоҳ кард. Вазири амният сари худро каме ба пеш хам карда, ба халабон оромона дастур медод. Бо ангушташ самти парвозро нишон медод, баъзан аз тиреза ба кӯҳҳо ва дараҳо менигарист. Ҳар гардиши чархболро бо нигоҳи таҷриба месанҷид. Дар чеҳрааш изтироб дида намешуд. Аммо ин оромии одаме набуд, ки хатарро эҳсос намекунад. Ин оромии касе буд, ки умре бо хатар зистааст.
Ӯ хуб медонист, ки дар ин осмон хатои хурдтарин метавонад ба фоҷиа анҷом ёбад. Аз ҳамин сабаб ҳар сонияро назорат мекард, ҳар дараро бо нигоҳ месанҷид, ҳар ҳаракати чархболро баҳо медод. Зеро тамоми масъулияти амнияти ин сафарро бар дӯш дошт. Дар он лаҳза ӯ танҳо вазири амният набуд, сипари хомӯши ҳайате буд, ки тақдири сулҳи Тоҷикистонро ба сӯйи Хусдеҳ мебурд.
Президент нигоҳашро аз Сайидамир Зуҳуров канда, ба кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Панҷшер дӯхт. Дар ҳамон лаҳза бори дигар ба худ иқрор кард, ки интихоби Хусдеҳ тасодуфӣ нест. Ҳанӯз ҳамон рӯзе, ки ошкоро изҳор карда буд, ки «ба хотири сулҳ омодаам дар ҳар гӯшаи дунё бо Саид Абдулло Нурӣ мулоқот кунам», медонист, ки интихоби макон ба тарафи муқобил вогузор аст. Ва онҳо Афғонистонро интихоб карданд. Ин интихоб маъноҳои зиёде дошт.
Афғонистон акнун Афғонистони собиқ набуд. Ҷанги дохили кишварро ба минтақаҳои нуфуз тақсим карда буд. Толибон рӯз ба рӯз қисми бештари хоки Афғонистон, шаҳру деҳаҳоро яке паси дигар ба тасарруфи худ медароварданд ва ҳалқаи муҳосираро тангтар мекарданд.
Дар шимоли кишвар вазъ боз ҳам печидатар буд. Генерал Абдурашид Дӯстум дигар аз ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ итоат намекард ва амалан ҳокими мустақили як қисмати минтақаи Шимол гардида буд. Дар чунин шароит ҳар дара, ҳар ағба ва ҳар гузаргоҳ зери назорати нерӯи алоҳида қарор дошт. Қонуни ягона набуд, дар ҳар қаламрав қумандонҳо тартиботи худро ҷорӣ мекарданд.
Аз ин рӯ, интихоби Афғонистони дар гирдоби ҷанг қарордошта ҳамчун макони музокирот бар манфиати баъзе кишварҳо буд.
Ибтидо макони мулоқот Шерхонбандар муайян гашт.

Пешниҳоди Аҳмадшоҳи Масъуд?
Аммо он рӯзҳо Шерхонбандар нуқтае буд, ки дар он макон гиреҳи манфиатҳои нерӯҳои мусаллаҳи маҳаллӣ, рақобати фармондеҳон ва таъсири қудратҳои хориҷӣ ба ҳам печида буданд. Ҳар лаҳза вазъ метавонист дигар шавад. Ҳар роҳ метавонист ба камингоҳ табдил ёбад.
Баъзеҳо шояд чунин мешумурданд, ки Президент ҷуръат нахоҳад кард ба ин сарзамини пурошӯб сафар кунад. Аммо онҳо хабар надоштанд, ки Президент қарори сафарро пеш аз интихоби макони мулоқот қабул карда буд. Барои ӯ дигар муҳим набуд, ки музокирот дар Кобул баргузор мегардад ё дар Шерхонбандар, дар Хусдеҳ ё дар гӯшаи дигари Афғонистон. Агар он роҳ ба сулҳ мебурд, ӯ омода буд онро паймояд.
Албатта, як иштибоҳи хурд метавонист ҷони ҳайати расмии Тоҷикистонро зери хатар гузорад. Аз ҳамин сабаб ӯ ба Сайидамир Зуҳуров супориш дод, ки ин масъаларо бо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири мудофиаи Афғонистон баррасӣ кунад. Зеро ӯ ин кишварро аз ҳар каси дигар хубтар медонад.
Зуҳуров баъди мулоқот бо Аҳмадшоҳи Масъуд суханони фармондеҳро бетағйир расонд.
Шерхонбандар барои чунин мулоқот ҷойи амн нест. Вазъият ҳар лаҳза метавонад дигар шавад. Ман Хусдеҳро пешниҳод мекунам. Кафолати амнияти мулоқотро ба дӯш мегирам.
Қарор қабул гашт, ки мулоқот дар Хуслеҳ баргузор гардад.
Чархбол оҳиста поён мефаромад. Аз дур майдончае намудор гардид, ки дар он одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Аксари онҳо силоҳ дар даст доштанд. Баъзеҳо ба чархбол нигоҳ мекарданд, баъзеи дигар аз як канори майдон ба канори дигар медавиданд. Ду-се мошини сабукрав ва чанд мошини зереҳпӯш дар канор истода буданд.
Аз баландӣ маълум буд, ки дар майдон одамон либоси яксон надоштанд. Баъзеҳо либоси низомӣ дар тан, баъзеҳо ҷомаи одӣ. Аммо қариб ҳама мусаллаҳ буданд.
Дар дохили чархбол хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Касе сухан намегуфт. Ҳама нигоҳашонро ба поён дӯхта буданд. Ба андозаи фуруд омадани чархбол чеҳраҳои одамони дар майдон буда равшантар намудор мегашт, аммо ин ба касе оромӣ намебахшид.
Мурод Саидов аз ҷой нимхез шуд ва аз тиреза ба поён нигарист. Нигоҳаш мехост чеҳраҳоро аз ҳам ҷудо созад, аммо аз баландӣ ин кори осон набуд. Он рӯзҳо дар Афғонистон силоҳ ҷузъи зиндагии ҳаррӯзаи мардум гашта буд. Муайян кардани дар майдон будагон, ки муҳофизони мулоқотанд ё гурӯҳи дигаре, имкон надошт.
Чархболҳо нарм ба замин нишастанд. Чанд сония танҳо садои муҳаррикҳо шунида мешуд. Гарду ғуборе, ки чархҳо хезонида буданд, майдонро фаро гирифт. Чеҳраҳои одамони дар поён истода гоҳ аён мешуданду гоҳ нопадид.
Аввалин шуда Мурод Саидов аз ҷояш хест ва дарро кушод.
Чархбол ҳанӯз пурра аз ҳаракат намонда буд. Аввал Сайидамир Зуҳуров аз он поён ҷаҳид. Ӯ бо як нигоҳ майдонро аз назар гузаронд. Нигоҳаш аз ҳалқаи мусаллаҳон, мошинҳои дар канор истода ба роҳи баромад гузашт. Сипас, кӯтоҳ ба Мурод Саидов нигоҳ кард. Ҳар ду бе ягон калима ҳамдигарро фаҳмиданд.
Танҳо баъд Сайидамир Зуҳуров бо ишораи сар ба дари чархбол нигарист. Ин ҳамон ишорае буд, ки ҳама интизораш буданд. Президент аз чархбол фаромад. Бо фаромадани ӯ ҳалқаи муҳофизон ноаён тангтар шуд. Дар чунин сафарҳо амният танҳо дар силоҳ не, дар ҳамоҳангии нигоҳҳо ва ишораҳо буд.
Ҳанӯз чархҳо аз ҳаракат бознамонда буданд, ки ду «Ланд Крузер»-и дар канори майдон интизорбуда ба чархбол наздик омаданд. Ҳама чиз бе шитоб, вале бо дақиқии пешакӣ тарҳрезишуда анҷом мепазируфт.
Дари мошини аввал кушода шуд. Президент ба он нишаст. Аз дари пеш Мурод Саидов ворид шуд. Сайидамир Зуҳуров бори дигар ба атроф назар андохта, ба мошини дуюм савор шуд. Лаҳзае пас ҳар ду мошин бо суръат аз ҷой канда шуданд. Чархҳои онҳо чанги майдонро ба ҳаво хезонда, аз миёни силоҳбадастон гузашта, ба роҳи танги байни кӯҳҳо ворид шуданд.
Давом дорад
Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№29, 1692), 22.07.2026
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ