Воридоти гӯшт зиёду нарх ҳамон асту ҳамон

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 Тоҷикистон ба маблағи 53,4 миллион доллар беш аз 13,8 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии онро аз хориҷ ворид кардааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмӣ, истеҳсоли дохилии гӯшт дар кишвар низ афзоиш ёфта, дар ҳамин давра ба 135,6 ҳазор тонна расидааст.

Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, қисми асосии воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба гӯшти паранда рост меояд. Дар нимсолаи аввал ба кишвар ҳудуди 8 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии парандаи хонагӣ ба маблағи 31,3 миллион доллар ворид шудааст. Аз ин миқдор, беш аз 6,45 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии мурғ ба маблағи зиёда аз 24,9 миллион доллар ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ҳамчунин, тақрибан 1,48 ҳазор тонна гӯшти мурғи марҷон ва маҳсулоти иловагии он ба маблағи наздик ба 6,2 миллион доллар ворид гардидааст.

Баъди гӯшти паранда, бештар гӯшти гов аз хориҷ харидорӣ шудааст. Тибқи маълумоти гумрук, дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 4,6 ҳазор тонна гӯшти гов ба маблағи қариб 19 миллион доллар ворид шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра Тоҷикистон 898 тонна гӯшти гӯсфандро ба маблағи зиёда аз 2,3 миллион доллар аз хориҷ ворид кардааст. Илова бар ин, тақрибан 315,6 тонна маҳсулоти гуногуни гӯштӣ ба маблағи умумии қариб 714,7 ҳазор доллар ба кишвар интиқол дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, омори Вазорати кишоварзӣ нишон медиҳад, ки истеҳсоли дохилии гӯшт дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 дарсад бештар мебошад.

Истеҳсоли гӯшти паранда низ афзоиш ёфта, ба 21,1 ҳазор тонна расидааст, ки 7,1 дарсад бештар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон 234 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки қисми зиёди талаботи бозори дохилиро бо гӯшти мурғ таъмин мекунанд.

Айни замон нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар дар сатҳи нисбатан баланд қарор дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, як килограмм гӯшти гӯсфанд аз 84 то 120 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи миёнаи он 102 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як килограмм гӯшти гов аз 84 то 110 сомонӣ буда, ба ҳисоби миёна 97 сомонӣ арзиш дорад. Гӯшти мурғ бошад, вобаста ба навъ ва истеҳсолкунанда аз 30 то 50 сомонӣ нарх дошта, арзиши миёнаи он тақрибан 40 сомониро ташкил медиҳад.

Бо назардошти афзоиши истеҳсоли дохилӣ ва ҳамзамон идомаи воридоти гӯшт, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди чорводорӣ ва парандапарварӣ, инчунин рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозор яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *