Муҳаққиқи барҷастаи таърихи халқи тоҷик

19-уми июли соли равон яке аз муаррихони номвари тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов аз олам даргузашт. Марги устод бешубҳа талафоти бузург барои илми тоҷик аст.

Устод Намоз Ҳотамов аз зумраи олимоне буд, ки беш аз ним асри умри хешро ба омӯзиш, таҳқиқу тарғиби таърихи халқи тоҷик бахшид ва мақолаву рисола ва китобҳои арзишманд ба мерос гузошт. 

Намоз Басарович зодаи шаҳри Бухоро буд. 1-уми сентябри соли 1946 дар деҳаи Шоботии ноҳияи Пешкӯҳи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Соли 1962 мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм намуда, ҳамон сол ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад ва сарнавишти хешро ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мепайвандад. 

Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1967-1971 Намоз Басарович ба ҳайси аспирант ба кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул мешавад. Дар ин миён ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Баъди хатми аспирантура ба ҳайси устоди калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра фаъолият намуда, аз фанҳои «Таърихи ИҶШС» ва «Таърихи халқи тоҷик» ба донишҷӯён дарс гуфт. Соли 1974 таҳти роҳбарии профессор Зариф Раҷабов рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Инъикоси Инқилоби халқии Бухоро дар осори Садриддин Айнӣ» ҳимоя намуд.

Аз соли 1980 то охири умр фаъолияти илмии ӯ бо Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дошт. Дар ин муассиса ҳамчун ходими калони илмӣ ва баъдан сарходими илмӣ фаъолият бурда, масъалаҳои таърихи иқтисодӣ, фаъолияти бонкҳои Русия дар Осиёи Миёна ва раванди барқароршавии ҳокимияти Шуравиро мавриди таҳқиқ қарор дод.

Соли 1991 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна (охири асри XIX – соли 1917)» ҳимоя намуда, соли 1994 сазовори унвони профессорӣ гардид.

Дар баробари фаъолияти илмӣ, устод Ҳотамов фаъолияти омӯзгориро низ қатъ накард. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ин муассиса ҳамкорӣ намуда, аз соли 1995 ҳамчун профессори кафедраҳои адаб ва фарҳанг, фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ ва баъдан кафедраи таърих ва фалсафа фаъолият дошт. Дар ин муддат садҳо донишҷӯро тарбия намуда, дар омода намудани мутахассисони ҷавон саҳми арзанда гузошт.

Профессор Намоз Ҳотамов муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 26 китоб, 11 дастури таълимӣ ва методӣ мебошад. Аз ҷумла, асарҳои арзишманди ӯ «Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро», «Мавқеи сармояи бонкӣ дар инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Осиёи Миёна», «Таърихи бонк ва соҳибкорӣ дар Осиёи Миёна», «Ҷадидони Бухоро ва давраҳои асосии фаъолияти онҳо», «Таърихи халқи тоҷик» (барои донишҷӯён ва хонандагони синфи 9), «Аз таърихи аввалин корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Миёна», «Дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият», «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ» ва даҳҳо асари дигар дар рушди илми таърихшиносии тоҷик нақши муҳим гузоштаанд.

Ӯ яке аз муаллифони ҷилдҳои IV, V ва VI-и «Таърихи халқи тоҷик» буда, дар таҳияи нашри 12-ҷилдаи ин асари бунёдӣ низ саҳм гирифтааст.

Профессор Намоз Ҳотамов узви Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш, роҳбари гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба китобҳои дарсии фанни таърих, узви Шурои миллии таҳсилот ва коршиноси Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия буд. Дар тӯли беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмӣ профессор Намоз Ҳотамов дар садҳо ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таърихшиносӣ, таърихи халқи тоҷик ва рушди маориф маърӯзаҳои илмӣ ироа кардааст.

Таҳти роҳбарии профессор Намоз Ҳотамов 6 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намуда, даҳ нафари дигар ба кори илмӣ машғул буданд.

Устод Намоз Ҳотамов дар баробари олими барҷаста будан, шахсияти беназир буданд. Бо ҳамагон муомилаи нек доштанд. Дар сурати зарурат дасти мадад дароз мекарданд ва дар ҷустуҷуҳои илмӣ маслиҳату машварат медоданд. Махсусан, устод ба ҷавонон меҳрубон буданд, насиҳат мекарданд ва пайваста таъкид менамуданд, ки дар роҳи илм коҳилӣ накунед, омӯзед, душвориҳоро пушти сар кунед, рӯҳафтода нашавед. Мо кормандони шуъба ҳамеша аз маслиҳату машваратҳои устод баҳраманд мешудем ва ба саволҳои худ аз устод посух мегирифтем.

1-уми сентябри соли равон устод Намоз Ҳотамов 80-сола мешуданд. Таҷлили мавлуди устод, баргузории ҳамоиши илмӣ ва нашри китоб бахшида ба ин сана дар нақшаи институт буд ва мо ҳамкорон ба он омодагӣ мегирифтем. Устод то ҳамин ҳафтаи пеш ба кор меомаданд…

Бо даргузашти профессор Намоз Ҳотамов илми таърихшиносии тоҷик яке аз муҳаққиқони барҷаста, омӯзгори фидокор ва шахсияти соҳибмактабро аз даст дод. Осори гаронбаҳо, шогирдони зиёди ӯ ва саҳми арзандааш дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҳамеша ҳамчун мероси пурарзиш боқӣ хоҳанд монд.  

Шоиста ИСМАТЗОДА,

ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониши АМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *