Гулмира Файзиева – аз муҳосиб то бонуи муваффақи бонкдор

Дар паси ҳар як муваффақият роҳи пурмашаққат, омӯзиши пайваста ва заҳмати содиқона қарор дорад. Гулмира Файзиева аз ҷумлаи бонувонест, ки фаъолияти худро дар низоми бонкӣ аз вазифаи одӣ оғоз намуда, бо дониш, таҷриба ва масъулиятшиносӣ то мақоми роҳбарӣ расидааст. Ғолибияти ӯ дар озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» натиҷаи ҳамин роҳи пурифтихор аст.

Тарбияи оила – заминаи муваффақият

Гулмира Файзиева дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ дар муҳити меҳру маърифат ва интизоми қавӣ тарбия ёфтааст. Падараш, подполковник Рафиқ Файзиев умри худро ба хизмати Ватан бахшида, барои фарзандон намунаи мардонагӣ, поквиҷдонӣ ва садоқат мебошад.

Гулмира аз падар меҳнати ҳалол, муносибати одилона бо мардум, масъулиятшиносӣ ва дӯст доштани Ватанро омӯхтааст. Барои ӯ номи падар на танҳо мояи ифтихор, балки нерӯи маънавиест, ки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ роҳнамояш мегардад.

Модараш, профессор Шоиста Муллоҷонова дар ташаккули шахсияти ӯ нақши махсус дорад. Мегӯянд: «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Модар барои Гулмира нахустин омӯзгор, роҳнамо ва маслиҳатгари зиндагӣ буда, ӯро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани касб, фарҳангпарварӣ ва масъулиятшиносӣ ҳидоят кардааст.

Роҳе, ки аз дониш оғоз ёфт

Соли 2005 Гулмира Файзиева бо ҳидояти падару модар ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ бо ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо» таҳсилро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, соҳиби ихтисоси «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ» гардид. Донишҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идоракунӣ барои пешрафти минбаъдаи ӯ заминаи устувор фароҳам оварданд. Ӯ аз ҷумлаи мутахассисонест, ки омӯзишро танҳо бо гирифтани диплом маҳдуд намедонад ва пайваста барои такмили дониш ва малакаи касбии худ талош мекунад.

Фаъолияти Гулмира Файзиева соли 2006 дар филиали ҶСП «Тоҷпромбонк» дар шаҳри Истаравшан оғоз гардидааст. Ӯ нахуст дар шуъбаи умумӣ ва баъдан ҳамчун муҳосиб фаъолият намудааст.

Соли 2011 барои фаъолияти босамар ба саридораи марказии бонк даъват шуда, дар департаменти интиқоли маблағ ҳамчун мутахассис ва сармутахассис кор кард. Ин давра барои андӯхтани таҷриба, ташаккули маҳорати касбӣ ва шиносоӣ бо самтҳои гуногуни фаъолияти бонкӣ аҳамияти калон дошт.

Пас аз қатъ гардидани фаъолияти бонк соли 2017 ӯ дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе фаъолият намуда, вазифаи сармуҳосибиро низ ба зимма дошт.

Соли 2019 Гулмира Файзиева фаъолиятро дар ҶСП «Коммерсбонки Тоҷикистон» идома дод. Аз соли 2021 ба тими «Душанбе Сити» пайваста, дар вазифаҳои гуногуни масъул кор кард. Соли 2023 ӯ ба вазифаи сардори Маркази хизматрасонии бонкии №12-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Бонуи муосири тоҷик

Ҳамкорон Гулмира Файзиеваро ҳамчун роҳбари кордон, одил, хоксор ва ғамхор мешиносанд. Ӯ дар муносибат бо кормандон эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва муоширати самимиро дар ҷойи аввал мегузорад.

Ҳангоми ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудани кормандон бетараф намемонад ва бо маслиҳат, сухани нек ва дастгирии маънавӣ ба онҳо нерӯ мебахшад. Дар баробари серталабӣ, ба рушди касбии зердастон аҳамияти ҷиддӣ дода, онҳоро ба омӯзиш ва такмили малака ҳидоят менамояд.

Ҳалимии ӯ нишонаи заъф нест. Ин хислат аз ботамкинӣ, таҳаммул ва бузургии рӯҳаш шаҳодат медиҳад. Ӯ масъалаҳоро бо оромӣ баррасӣ намуда, барои ҳалли онҳо роҳи дуруст ва одилонаро интихоб мекунад.

5 июни соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» маросими ҷамъбасти озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин озмун Гулмира Файзиева дар номинатсияи «Корманди беҳтарини идораи фаръӣ» ғолиб дониста шуд.

Озмун аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин пирӯзӣ эътирофи меҳнати содиқона, касбияти баланд ва таҷрибаи чандинсолаи ӯ дар низоми бонкии кишвар мебошад.

Гулмира Файзиева дар баробари фаъолияти касбӣ модари меҳрубони се фарзанд ва ҳамсари ғамхор аст. Дастгирии ҳамсар ва муҳити солими хонаводагиро аз омилҳои муҳими пешрафти инсон медонад.

Зиндагӣ ва фаъолияти ӯ собит месозад, ки зан бо дониш, сабр, ирода ва меҳнати ҳалол метавонад ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳи арзанда гардад. Симои Гулмира Файзиева симои бонуи муосири тоҷик аст: меҳрубон дар оила, масъул дар кор ва содиқ ба арзишҳои инсонӣ.

Дилрабои Аъзам,

 рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *