Боздошти ҷавон пас аз се рӯзи озодшавӣ аз зиндон бо гумони дуздӣ

Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд аз боздошти як ҷавони 32-сола хабар дод, ки ҳамагӣ се рӯз пас аз озод шудан аз зиндон бар асоси қонуни афв, бо гумони содир кардани чандин ҳолати дуздӣ дастгир шудааст.

Ба иттилои мақомот, Бахтиёр Қобилов, сокини шаҳри Истиравшан дар се мавриди дуздии телефонҳои мобилӣ гумонбар мешавад.

Гуфта мешавад, ӯ шабҳои 9 ва 11-уми июл ба Бемористони марказии шаҳри Истиравшан ворид шуда, панҷ телефони беморонро дуздидааст. Ҳамчунин, дар як ҳолати дигар, ӯ дар яке аз марказҳои дилхушии шаҳри Хуҷанд телефони як нафарро тасарруф кардааст.

Вобаста ба ин ҳодиса нисбати гумонбар бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Дар сурати собит шудани гуноҳ, ин модда ҷазо аз ҷарима то 12 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *