150 миллион доллари Италия барои идомаи сохтмони «Роғун»

Италия аз ҳисоби Фонди иқлимии худ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» 150 миллион доллар маблағ ҷудо мекунад.

Дар ин бора намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, созишномаи ҷудо кардани ин маблағ рӯзи 23 июл дар Вазорати молияи Тоҷикистон миёни намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва муассисаи молии итолиёвии Cassa Depositi e Prestiti (Сандуқи пасандозҳо ва қарзҳои Италия) ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки тарҳи НБО-и «Роғун» аз ҷониби эътилофи иборат аз 12 шарики рушд таҳти роҳбарии Бонки ҷаҳонӣ ҳаммаблағгузорӣ ва амалӣ мешавад. Муассисаи итолиёвии Cassa Depositi e Prestiti низ яке аз шарикони ин тарҳ ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти расмӣ, то имрӯз Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) барои дастгирии лоиҳаи НБО-и «Роғун» 650 миллион доллар маблағгузории грантӣ ҷудо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *