Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» боздиди корӣ анҷом дода, бо фаъолияти субъектҳои минтақа, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, зимни боздид вазир бо шароити фароҳамгардида барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои навтаъсиси ба қайд гирифташуда, инчунин пешрафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди минтақа шинос гардид.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба масъулон ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди саноат, афзоиши содирот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад.

Бино ба маълумоти маъмурияти МОИ «Панҷ», айни замон дар ҳудуди ин минтақа 21 субъект ба қайд гирифта шуда, онҳо лоиҳаҳоро дар бахшҳои саноат, коркард, энергетика, логистика, савдо ва хизматрасонӣ амалӣ менамоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид мекунад, ки боздидҳои корӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои истеҳсолӣ мусоидат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *