Таъсиси факултети журналистика дар ДСТР

Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия факултети журналистика таъсис дода шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Алексей Золотухин хабар дода, гуфт, ки чанд рӯз пеш фармоши таъсиси он ба имзо расид.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои ташкиливу омодагӣ барои оғози фаъолияти факултет идома доранд.

«Барои таълим дар ин факултет мутахассисони донишгоҳи мазкур, ки дар самти журналистика ва соҳаҳои ҳаммарбут тахассус доранд, ба кор ҷалб хоҳанд шуд»,- таъкид дошт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мутахассисони соҳаи журналистика дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнологияҳо омода карда мешуданд. Раванди таълим асосан ба забони русӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *