Хатлон соҳиби дарвоза мешавад
Дар назар аст, ки Маҷмааи «Даромадгоҳи вилояти Хатлон» бунёд карда шавад.
Майсара Рустамова, мудири шуъбаи буҷет ва банақшагирии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон 27 июли соли равон зимни нишасти хабарӣ гуфт, лоиҳаи «Даромадгоҳи вилояти Хатлон» омада шуда, ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.
Ӯ афзуд, ки маҷмаа дар чанд лоиҳа омода гардидаю пешниҳод шудааст. Баъди мувофиқа ва қабул, корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.
“Маҷмааи “Даромадгоҳи вилояти Хатлон ” ва ё дарвоза, дар деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сохта мешавад. Барои амалӣ кардани ин тарҳ, аллакай 4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст”,-гуфт номбурда.
Вилояти Хатлон яке минтақаҳои бузургу сераҳолии мамлакат ба ҳисоб рафта, то ҳанӯз дарвоза ва ё даромадгоҳи муосиру замонавӣ надорад.
Маҷмааи «Даромадгоҳи вилояти Хатлон», ки гуфта машавад, бо намои муосиру таҷассумгарӣ таъриху фарҳанги минтақа аст, дар масоҳати бештар 3, 5 гектар замин бунёд мешавад. Иншооти мавриди назар дар нақшаи солона ворид гардидааст ва дар назар аст, ки соли ҷорӣ сохтмони он шуруъ карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ