ДДТТ ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд

 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шуд. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ инро яке аз муҳимтарин дастовардҳои  донишгоҳ дар соли 2026 арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, қарор дар бораи пазируфтани донишгоҳ ба узвияти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷараёни вохӯрии вазирони маориф ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзои СҲШ қабул гардид. Ин ҳамоиш моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки пайвастан ба ин шабакаи бонуфузи байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштарак ва баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, айни замон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 60 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Танҳо дар соли 2026 донишгоҳ 13 созишномаи нави ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба имзо расонидааст.

Бино ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3 факултет ва 13 кафедра фаъолият мекунанд. Дар онҳо 182 омӯзгор, аз ҷумла 12 доктори илм, 84 номзади илм, 62 муаллими калон ва 24 ассистент ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *