Истиқлоли давлатӣ – пойдевори Артиши миллӣ

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ нест. Истиқлол пеш аз ҳама масъулияти бузурги таърихӣ, эҳсоси соҳибватанӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи дастовардҳои давлатдорӣ мебошад. Барои мо тоҷикон, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзҳои ниҳоят душворро паси сар кардем, арзиши Истиқлол боз ҳам амиқтар аст.

Соли равон мардуми сарбаланди кишвар 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамоянд. Сию панҷ сол дар миқёси таърих шояд муддати тӯлонӣ набошад, аммо барои як давлати ҷавон ин солҳо марҳалаи ташаккули пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани ниҳодҳои муосири давлатӣ мебошад. Дар ҳамин давра Артиши миллии Тоҷикистон низ роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуда, аз як сохтори навтаъсис ба нерӯи муташаккил, дорои таҷриба, кадрҳои соҳибкасб, техника ва заминаҳои муосири таълимӣ табдил ёфт.

Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи кишвар менигарем, равшан эҳсос мешавад, ки миёни Истиқлоли давлатӣ ва Артиши миллӣ робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад, зеро Истиқлол бидуни низоми боэътимоди ҳифзи давлат, марзу буми он ва амнияти шаҳрвандон пойдор буда наметавонад. Артиши миллӣ бошад, дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватан, яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити ниҳоят душвор сурат гирифт. Пойгоҳи моддиву техникӣ, кадрҳои касбӣ ва сохтори мукаммали низомӣ ҳанӯз ба таври зарурӣ ташаккул наёфта буданд. Бо вуҷуди ин, зарурати ҳифзи давлати навини тоҷикон ва таъмини амният тақозо мекард, ки ин ниҳоди муҳим ҳарчи зудтар бунёд ва таҳким дода шавад.

Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошт.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мактаби бузурги ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва хизмат ба халқу Ватанро ба вуҷуд овардааст. Афсарону сарбозони кишвар дар ин мактаб обутоб ёфта, бо дарки баланди масъулияти касбӣ рисолати худро иҷро мекунанд.

Ҷаҳони имрӯз моро водор месозад, ки масъалаи омодагии мудофиавиро на танҳо ҳамчун вазифаи сохторҳои низомӣ, балки ҳамчун масъалаи умумимиллӣ дарк намоем. Тағйироти босуръати сиёсиву амниятӣ, пайдо шудани таҳдидҳои нав, рушди технологияҳои ҳарбӣ ва тағйирёбии усулҳои низомӣ тақозо мекунанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша дар ҳолати омодагии баланд қарор дошта бошанд.

Аз ҳамин ҷост, ки дар кишвар гузаронидани машқҳои муштараки дохилию байналмилалӣ аҳаммияти хос пайдо мекунад. Чунин машқҳо барои санҷиши омодагии ҷангӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, такмили ҳамоҳангии сохторҳои гуногун ва табодули таҷрибаи муосири низомӣ замина фароҳам меоранд.

Дар дохили кишвар низ машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, тамринҳои васеи низомӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва чорабиниҳои зиддитеррористӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун густариш ёфта, табодули таҷриба ва донишҳои касбӣ ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои муҳими таҳкими низоми мудофиавии кишвар рушди мудофиаи ҳудудӣ мебошад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ мунтазам баргузор мешаванд.

Дар ин чорабиниҳо на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳо, сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта низ иштирок мекунанд. Ҳадаф аз чунин ҷамъомадҳо омодасозии шаҳрвандон ба амал дар ҳолатҳои зарурӣ, санҷиши захираҳои сафарбарӣ, такмили ҳамоҳангии сохторҳои масъул ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа мебошад.

Баргузории чунин ҷамъомадҳо дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла минтақаҳои наздисарҳадӣ, на танҳо омӯзиши амалҳои мушаххас, балки тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро низ тақвият мебахшад.

Дар раванди омодагии низомӣ машқгоҳҳои муосир ҷойгоҳи махсус доранд, зеро тамринҳо ва омодагии воқеии низомӣ бояд дар шароите сурат гирад, ки ба вазъияти амалии майдони машқ то ҳадди имкон наздик бошад.

Маҳз аз ҳамин нигоҳ, мавриди истифода қарор гирифтани майдони танкронии машқгоҳи «Ҳарбмайдон» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2025 рӯйдоди муҳим барои рушди заминаи таълимии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Ин машқгоҳ бо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои машқҳои низомӣ, аз ҷумла истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯш имкониятҳои нави таълимиро фароҳам месозад.

Барои низомиён доштани чунин пойгоҳҳо танҳо як иншооти техникӣ нест. Машқгоҳ макони ташаккули маҳорати касбӣ, санҷиши омодагии техника ва ҳайати шахсӣ, такмили ҳамоҳангии экипажҳо ва баланд бардоштани малакаи қабули қарор дар шароити мураккаб мебошад.

Ҳар қадар шароити таълим ба воқеияти хизмати ҳарбӣ наздик бошад, ҳамон қадар сатҳи омодагии афсарону сарбозон баланд мегардад.

Дар баробари техника ва таҷҳизоти низомӣ, нерӯи асосии Артиши миллӣ ҳайати шахсии он маҳсуб меёбад. Бинобар ин, фароҳам овардани шароити муносиб барои хизмат, истироҳат, таълим ва зиндагии онҳо аҳаммияти бузург дорад.

Солҳои охир дар қисмҳои низомӣ садҳо биноҳои маъмурӣ, шаҳракҳои ҳарбӣ, иншооти таълимӣ, варзишӣ, маишӣ ва дигар иншооти зарурӣ сохтаву ба истифода дода шуданд. Ҳатто дар қисмҳои дурдасти низомӣ низ масъалаи муҳайё намудани шароити муосири хизмативу маишӣ ва заминаҳои моддиву техникии зарурӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбӣ ва иҷтимоидошта танҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори низомӣ мусоидат намекунад. Он ба баланд шудани рӯҳияи ҳайати шахсӣ, беҳтар гардидани шароити хизмат ва таҳкими эътимоди сарбоз ба давлат ва ҷомеа таъсир мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки Артиши муосирро бе технология тасаввур кардан душвор аст. Имрӯз рушди техникаи ҳарбӣ, низомҳои иртиботӣ, воситаҳои идоракунӣ, таҷҳизоти мушоҳидавӣ ва дигар технологияҳои нав талаб мекунанд, ки ҳайати шахсӣ пайваста дониш ва малакаи худро такмил диҳад.

Дар ин замина, яке аз вазифаҳои муҳими низомиёни имрӯз аз худ намудани технологияҳои муосир ва истифодаи дурусти онҳо дар фаъолияти хизматӣ мебошад.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ, омӯзиши фанҳои муосир, такмили малакаҳои техникӣ, аз худ кардани таҷрибаи пешрафта ва омодасозии кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат яке аз самтҳои муҳими рушди Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, мо метавонем бо роҳи тайкардаи кишвари азизамон ифтихор кунем. Аммо ифтихор бояд бо масъулият ҳамроҳ бошад.

Насли имрӯз бояд ба насли фардо давлатеро ба мерос гузорад, ки сулҳу суботи он устувор, иқтисодаш рушдёбанда, ҷомеааш муттаҳид ва Қувваҳои Мусаллаҳаш қавӣ бошад.

Бояд хуб дарк кунем, ки таҳкими амнияти давлат танҳо вазифаи низомиён нест. Он масъулияти умумии шаҳрвандист. Хизматчии ҳарбӣ бо иҷрои вазифаи худ, олим бо илми худ, омӯзгор бо тарбияи насли нав, табиб бо табобати беморон, деҳқон бо меҳнати худ ва соҳибкор бо саҳми созандааш дар пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузорад. Ҳамин аст маънои воқеии давлатсозӣ.

35 соли Истиқлол ба мо як ҳақиқати муҳимро собит намуд. Давлат вақте қавӣ мегардад, ки мардумаш муттаҳид, ҷомеааш масъулиятшинос ва ниҳодҳои асосии давлатдорияш устувор бошанд.

Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо минбаъд низ рисолати касбии худро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, технологияҳои муосирро аз худ карда, дониш ва маҳорати касбии худро пайваста такмил медиҳанд ва дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҳамаи афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми сарбаланди кишвар саломатӣ, сарбаландӣ, осоиштагӣ ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,

вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *