Аз хатари Хусдеҳ то гаровгонгирӣ (видео)
Ба назари ман, агар мо имрӯз дар бораи сулҳу оромии Тоҷикистон ҳарф занем, наметавонем аҳаммияти мулоқоти Хусдеҳро нодида бигирем. Он музокирот яке аз марҳилаҳои ҳалкунанда ва тақдирсози раванди сулҳи тоҷикон буд.
Оромие, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, идомаи ҳамон роҳест, ки дар солҳои бисёр вазнин интихоб шуд. Хусдеҳ нишон дод, ки роҳи пешгирифтаи роҳбарияти давлат – музокира, созиш ва хотима додан ба муқовимати мусаллаҳона роҳи дуруст буд.
Имрӯз, ки мо 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем, бояд дар хотир дошта бошем, ки Истиқлол танҳо бо эълони он устувор намешавад. Барои ҳифзи давлат сулҳ, амният ва ягонагии мардум зарур буд. Аз ҳамин ҷиҳат, мулоқоти Хусдеҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти махсус дошт.
Ташаббускори баргузории мулоқоти Хусдеҳ худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Мақсад равшан буд. Бояд бо роҳбарияти мухолифин рӯ ба рӯ нишаста, масъалаҳое, ки ба сулҳ халал мерасониданд, мустақим баррасӣ мешуданд. Чанд ҷой барои мулоқот пешбинӣ шуда буд. Бо супориши Президент ман ин масъаларо бо Аҳмадшоҳи Масъуд, ки он замон вазири мудофиаи Афғонистон буд, матраҳ кардам. Дар натиҷаи суҳбат Аҳмадшоҳи Масъуд минтақаи Хусдеҳро ҳамчун ҷойи баргузории мулоқот пешниҳод намуд. Ман натиҷаи гуфтугӯро ба Президент гузориш додам. Ҷавоб қатъӣ буд:
– Меравем.
Аз ҳамин лаҳза масъалаи дигар ба миён омад – таъмини амнияти мулоқот. Бояд вазъияти онвақтаи Афғонистонро тасаввур кард. Дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт. Гурӯҳҳои мусаллаҳи гуногун фаъол буданд. Толибон алайҳи ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ва нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд меҷангиданд. Дар чунин шароит баргузории мулоқоти роҳбарони дуҷонибаи тоҷикон кори одӣ набуд. Хатар дар ҳар қадам вуҷуд дошт.

Аҳмадшоҳи Масъуд ба масъалаи амният бисёр ҷиддӣ муносибат кард. Дар рӯзҳои пеш аз мулоқот қариб ҳаштсад нафар сарбозонро барои назорати баландӣ ва минтақаҳои атроф сафарбар намуд. Тақрибан тамоми мавзеи мулоқот таҳти назорат гирифта шуд.
Ин чораҳо зарур буданд. Дар кори амниятӣ як қоида вуҷуд дорад: агар хатарро кам ҳисоб кунӣ, метавонад оқибаташ гарон бошад. Дар чунин ҳолатҳо вазифаи мо арзёбӣ ва коҳиш додани хатар аст. Вале тасмими сиёсиро роҳбари давлат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон хатарро медонистанд, аммо масъалаи сулҳи кишварро болотар гузоштанд. Мулоқот баргузор шуд. Сафар анҷом ёфт. Ва натиҷаи он баъдан дар раванди минбаъдаи музокирот эҳсос гардид.
Албатта раванди музокирот мураккаб буд. Баъзан гуфтугӯи миёни ду роҳбар тӯл мекашид ва мавқеъҳо ба ҳам наздик намеомаданд. Ҳар ҷониб мавқеи худро дошт. Аммо ҳадафи асосӣ пеши роҳи идомаи ҷанг гирифтан буд, ки тарафҳо инро хуб дарк мекарданд.
Баъд аз Хусдеҳ музокирот дар дигар ҷойҳо идома ёфт: Бишкек, Теҳрон, Маскав… Вале онҳо марҳалаҳои дигар буданд. Аммо, ба назари ман, яке аз таҳкурсиҳои асосии созиши минбаъда маҳз дар Хусдеҳ гузошта шуд.
Чаро?
Зеро дар он ҷо ҷонибҳо на аз тариқи миёнарав, балки рӯ ба рӯ суҳбат карданд. Дар кори сиёсӣ ва амниятӣ баъзан мулоқоти мустақим чизеро ҳал мекунад, ки даҳҳо паём ва миёнаравӣ ҳал карда наметавонад.
Хусдеҳ ҳамин гуна мулоқот буд. Ин лаҳзаҳо дар китоби Шарифи Ҳамдампур – «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» воқебинона, муфассал инъикос шудаанд. Ман ҳамчун шахсе, ки худ дар омодагӣ ва баргузории он мулоқот иштирок доштам, метавонам бигӯям: он чӣ дар бораи ин воқеаҳо навишта шудааст, ба воқеаҳое, ки мо аз сар гузаронидем, мувофиқат мекунад.
Барои ман арзиши китоб маҳз дар ҳамин аст. Он танҳо аз натиҷаи сулҳ нест, он нишон медиҳад, ки то расидан ба сулҳ чӣ гуна хатарҳо буданд, кадом одамон иштирок карданд, чӣ гуна қарорҳо қабул шуданд ва чӣ гуна масъалаҳои мураккаб ҳал гардиданд.
Барои насли ҷавон донистани ин чизҳо муҳим аст. Зеро имрӯз сулҳ табиӣ менамояд. Аммо он рӯзҳо ҳар як қадам ба сӯйи сулҳ метавонист бо хатари ҷонӣ ҳамроҳ бошад.
ГАРАВГОНГИРИИ РИЗВОН
Як воқеаи дигарро низ мехоҳам ёдовар шавам. Моҳи феврали соли 1997 гурӯҳи мусаллаҳи Баҳром Садиров дар минтақаи Обигарм як гурӯҳ намояндагони байналмилалӣ ва ҳамроҳони онҳоро гаравгон гирифт. Онҳо дар маҷмуъ 17 нафар буданд. Дар миёни онҳо намояндагони хориҷӣ, рӯзноманигорон, тарҷумонҳо ва ронандагон низ буданд. Бо дастури Президент ман ҳамроҳи Котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов чанд рӯз бо гурӯҳи мусаллаҳ музокира кардем. Натиҷа надод. Баҳром Садиров талаб кард, ки ман шахсан назди ӯ равам. Ман розӣ шудам ва иҷозати Президентро гирифтам.
Нақша чунин буд: гаравгонҳоро ба ман месупоранд ва ман онҳоро берун меорам. Аммо Баҳром ба ваъда вафо накард. Худи маро низ гаравгон гирифтанд. Ман даҳ рӯз дар дасти онҳо мондам. Вазъият бисёр ҳассос буд.
Дар чунин ҳолат як иштибоҳ метавонад боиси талафоти ҷонӣ шавад. Ҳадафи асосӣ ҳамин буд – кормандони созмонҳои байналмилалӣ, рӯзноманигорон зарар набинанд.
Аз берун Президент масъалаи озод кардани гаравгонҳоро роҳбарӣ мекарданд, бо дигар ҷонибҳо кор мерафт. Ман аз дохил мекӯшидам вазъро ором нигоҳ дорам ва нагузорам, ки кор ба тирпарронӣ кашад.
Одамонро тадриҷан дунафарӣ, чорнафарӣ озод мекарданд. Ниҳоят 17-уми феврали соли 1997 Президент шахсан ба Обигарм омаданд.
Ин қадам бисёр муҳим буд. Зеро гурӯҳи мусаллаҳ талабҳои худро дошт.
Яке аз масъалаҳо ба ҷойгир намудани баъзе аъзои гурӯҳ дар сохторҳои қудратӣ вобаста буд.
Президент гуфтанд: аввал Зуҳуровро озод кунед, баъд бо намояндаатон суҳбат мекунем ва масъалаҳоро баррасӣ менамоем.
Маро озод карданд. Аммо ҳанӯз чанд нафар гаравгон боқӣ монда буданд. Вазъият ҳанӯз ҳам нозук буд. Дар минтақа нерӯҳое буданд, ки мехостанд бо роҳи зӯр масъала ҳал шавад.
Агар тирпарронӣ оғоз мешуд, эҳтимоли талафоти ҷонӣ зиёд буд. Мо инро намехостем. Бо гуфтугӯ ва фишори пайваста ниҳоят боқимондаи гаравгонҳо низ озод шуданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мушкил роҳи гуфтугӯро аз даст намедоданд, аммо ҳамзамон дар масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлат мавқеи қатъӣ доштанд. Ба назари ман, ҳамин омезиши қатъият ва омодагӣ ба музокира яке аз омилҳои муҳими расидан ба сулҳ гардид.
Имрӯз натиҷаи онро мебинем. Тоҷикистон давлатест, ки дар он сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Аммо барои фаҳмидани қимати ин оромӣ бояд ба Хусдеҳ, ба музокироти он рӯзҳо, ба роҳҳои хатарнок ва ба даҳҳо воқеае баргардем, ки ҳар кадом метавонист самти таърихро дигар кунад.
Сайдамир ЗУҲУРОВ,
собиқ вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ