Далер Назаров – номи мондагор дар мусиқии тоҷик (видео)
Имрӯз, 8 сентябр зодрӯзи сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров аст.
Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсиргузори мусиқии муосири тоҷик ба шумор меравад.
Фаъолияти ҳунарии Далер Назаров аз солҳои ҷавонӣ оғоз ёфта, соли 1979 ӯ гурӯҳи мусиқии худро таъсис дод. Бо гузашти солҳо таронаҳои ӯ миёни дӯстдорони мусиқӣ маҳбубияти зиёд пайдо карданд.
«Турки Шерозӣ», «Эй парӣ», «Чак-чаки борон» ва дигар таронаҳои ӯ барои чандин насл ошно ва дӯстдоштанианд. Ин таронаҳо то имрӯз аз маҳбубияти хос бархӯрдоранд.
Соли 2024 Далер Назаров барои саҳм дар офаридани мусиқии филми «Роҳ» ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ сазовор гардид.
Имрӯз номи Далер Назаров бо мусиқии тоҷик ва таронаҳои мондагоре пайванд дорад, ки солҳо боз дар қалби мардум ҷой гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ