9 сентябр. Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ду хиёбони Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки рӯзи 9 сентябр дар пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе қитъаҳои роҳ муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Маҳдудият аз соати 00:00 то 11:00 дар хиёбони Ҳофзи Шерозӣ – дар қитъаи аз гардиши «Товус» то «Наврӯзгоҳ» ҷорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили  Сомонӣ то гардиши хиёбони Сино маҳдуд мегардад.

 Мақомоти корҳои дохилӣ аз ронандагон даъват кардаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар шаҳр ин маҳдудиятро ба назар гирифта, барои рафтуомад аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *