Муаррифии дастовардҳои кинологҳои Тоҷикистон дар форуми VII-уми Созмони Ҷаҳонии Гумрук

7 сентябр дар шаҳри Тошканд Форуми VII-уми кинологҳои Созмони ҷаҳонии гумрук оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он Дабири кулли созмон Ян Сандерс суханронӣ карда, зикр намуд, ки шаш форуми қаблӣ дар Белгия, Русия, Аргентина, Ҷумҳурии Чех, Австралия ва Ҳонконг баргузор шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон бори нахуст ҳуқуқи мизбонии форумро ба даст овардааст. Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои амнияти муосири марзиву гумрукӣ, омӯзиш ва истифодаи сагҳои хидматӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъминоти байторӣ ва рушди инфрасохтори марказҳои кинологӣ баррасӣ мешаванд.

Дар маросими ифтитоҳ Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов, раиси Кумитаи гумруки Ӯзбекистон Акмалхӯҷа Мавлонов, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори Хадамоти гумрук Иззатулло Хурматзода ва намояндагони мақомоти гумруки беш аз 50 кишвари узви Созмони ҷаҳонии гумрук иштирок карданд.

Форумҳои байналмилалии кинологҳо аз соли 2011 баргузор шуда, ба майдони муҳими табодули таҷрибаи мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҳайвоноти ваҳшӣ шаклҳои мураккабтар мегирад. Дар баробари зеҳни сунъӣ, сканерҳо ва дастгоҳҳои рентгенӣ, сагҳои хидматӣ ҳамоно яке аз воситаҳои муассири ошкорсозии маводи мамнуъ ба ҳисоб мераванд.

Тоҷикистон низ дар ин самт таҷрибаи назаррас дорад. Баҳриддин Меҳмонзода, муовини сардори раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки саги хидматӣ бо лақаби «Хартӣ» ҳангоми санҷиши амволи як шаҳрванди Афғонистон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз 2,5 кило ҳероинро ошкор кардааст.

Саги дигари хидматӣ – спаниели русӣ бо номи «Нико», ки ҳафт сол дорад, дар давраи фаъолияти худ зиёда аз 600 килограмм маводи нашъаоварро ошкор намудааст.

 Қочоқбарон маводи мухаддирро дар дохили мева, ҷузвдон, сару либос ва қисмҳои воситаҳои нақлиёт моҳирона пинҳон мекунанд. Барои ошкор намудани чунин мавод кинологҳо ва сагҳои хидматии хуб омӯзонидашуда нақши бисёр муҳим доранд, — мегӯяд Баҳриддин Меҳмонзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи кинология бар асоси созишномаи соли 2018 густариш ёфтааст. Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Маркази кинологии Ӯзбекистон такмили ихтисос гузашта, аз ҷониби ин марказ ба Тоҷикистон 10 саги хидматии омӯзишдида низ тақдим шудааст. Онҳо имрӯз дар посгоҳҳои марзиву гумрукии кишвар истифода мешаванд.

Дар ҷаласаҳои форум усулҳои муосири ошкор кардани маводи мухаддири синтетикӣ, омӯзиши сагҳои хидматӣ, муайян намудани изҳои бӯй аз фосила ва таҷрибаи марказҳои кинологии кишварҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштирокчиён ҳамчунин аз Маркази миллии кинологии Кумитаи гумруки Ӯзбекистон дидан карданд. Ин марказ аз соли 1996 фаъолият дошта, соли 2008 мақоми Маркази минтақавии кинологии Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифтааст. Ба гуфтаи Ҳусан Тангриев, масъули дафтари матбуоти Кумитаи гумруки Ӯзбекистон, солҳои охир дар ин ҷо 220 кинологи хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони Тоҷикистон, такмили ихтисос кардаанд ва беш аз 200 саги хидматӣ омӯзонида шудааст.

Форуми VII-уми кинологҳои Созмони ҷаҳонии гумрук то 9 сентябр идома мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *