Таманниёти Президенти Эрон ба мардуми Тоҷикистон

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар нома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро табрик гуфт.

Дар номаи Пизишкиён, ки шаби гузашта Сафорати Эрон дар Душанбе нашр кардааст, ӯ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишварро муҳим арзёбӣ кардааст.

Президенти Эрон таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.

Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ба манфиати муштарак, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди фарҳангу адаби муштараки ду кишвар талош хоҳад кард.

Масъуд Пизишкиён дар поёни нома ба Президенти Тоҷикистон ва мардуми кишвар саодат ва муваффақияти ҳамешагӣ орзу кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *