Дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии «Пайванд» баргузор шуд
Имрӯз, 7 сентябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқони тоҷик ва беш аз 230 меҳмон аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид кард, ки таҳкими ҳамбастагии маънавию фарҳангии мардумони форсизабон дар шароити рақобати шадиди ҳувиятҳо, забонҳо ва арзишҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Ба гуфтаи Президент, ҳадафи асосии Анҷумани «Пайванд» таҳкими робитаҳои таърихӣ ва густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангии мардумони форсизабон мебошад.
Сарвари давлат ҳамчунин аз нақшаи бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе ёдовар шуда, онҳоро барои муаррифии мероси таърихию фарҳангии мардумони форсизабон муҳим арзёбӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарурати такмили омӯзиши алифбои ниёгон — хатти форсӣ — дар муассисаҳои таълимиро низ таъкид кард.
Дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки он сароғози барномаи нави рушди Анҷумани «Пайванд» барои солҳои минбаъда гардад. Дар барнома масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ пешбинӣ мешаванд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки масъалаҳои сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор дар фаъолияти минбаъдаи Анҷуман бо ҳифзи мероси таърихию маънавӣ пайванд дода шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ