«Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» – филми нави мустанади Pressa.tj

Pressa.tj филми мустанади наверо бар асоси китоби Шариф Ҳамдампур – «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» таҳия кард.

Ин филм аз сафарҳои сарнавиштсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳи душвори расидан ба сулҳи тоҷикон ва талошҳо барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисоди кишвар қисса мекунад.

Китоб ҳосили қариб 20 соли мушоҳида, таҳқиқ, омӯзиши санадҳо ва сафарҳои муаллиф ҳамроҳи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Аз Хусдеҳи Афғонистон то Ашқобод, Теҳрон, Дубай, Доҳа, Сингапур ва Токио, аз Душанбе то Бишкек, Алмаато ва Москва – ҳар сафар бо музокироти ҳассос, қарорҳои тақдирсоз ва талош барои ҳифзи сулҳу суботи Тоҷикистон пайванд дошт.

Дар филм шоҳидони бевоситаи ин рӯйдодҳои таърихӣ сухан мегӯянд:

▪️ Сайидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон;

▪️ Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷӣ;

▪️ Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноат;

▪️ Рамазон Мирзоев, ходими давлатӣ ва сиёсӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия ва Эрон;

▪️ Қозидавлат Қоимдодов, собиқ муовини раиси Шӯрои Олӣ;

▪️ академик Абдуҷаббор Раҳмонзода;

▪️ генерал-майор Абдураҳим Раҷабов;

▪️ профессор Ҷамшед Муртазоқулов.

Онҳо аз воқеаҳое қисса мекунанд, ки на ҳамеша дар гузоришҳои расмӣ пурра бозтоб ёфтаанд: аз музокироти душвор, қарорҳои ҷасурона, барқарор шудани эътимод миёни ҷонибҳо ва сафарҳое, ки барои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон замина гузоштанд.

Чаро сафари Хусдеҳ барои сулҳи тоҷикон тақдирсоз буд?

Чӣ гуна музокироти сангин ба оташбас ва оштии миллӣ роҳ кушод?

Дипломатияи сулҳ чӣ гуна ба дипломатияи иқтисодӣ пайваст?

Чаро роҳи «Аз Хусдеҳ то Сингапур» рамзи гузариши Тоҷикистон аз ҷанг ба созандагӣ гардид?

▶️ Посухи ин саволҳоро аз забони шоҳидони зиндаи таърих дар филми мустанади «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» бубинед.

Филмро то охир тамошо кунед, назари худро дар шарҳҳо нависед ва барои дидани барномаҳои нави таърихию таҳлилии Pressa.tj саҳифаро пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *