Аз коҳиши танбашавӣ то баррасии истифодаи технологияи рақамӣ дар Душанбе
Масъалаи беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт дар Душанбе бо истифода аз технологияҳои муосир 3 сентябр дар мулоқоти намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва КВД «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ шуд.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода зимни боздид аз корхона бо фаъолияти Маркази шаҳри бехатарии мақомоти корҳои дохилӣ дар Душанбе шинос гардид.
Дар мулоқот бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзода роҳҳои коҳиш додани танбашавӣ дар роҳҳо ва самараноктар ба роҳ мондани идоракунии ҳаракати нақлиёт баррасӣ шуданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, роҳандозии низомҳои рақамии назорат метавонад барои муайян кардани қитъаҳои сербор, таҳлили вазъи роҳҳо ва вокуниши саривақтӣ ба мушкилоти ҳаракат мусоидат кунад.
Ҳамчунин, лоиҳаи харитаи электронии нави Душанбе ва чанд замимаи рақамӣ муаррифӣ шуд. Ин технологияҳо метавонанд барои идоракунии самараноки инфрасохтори шаҳрӣ ва ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт истифода шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ