Беш аз 27 ҳазор нафар дар паради ҳарбӣ дар Душанбе иштирок карданд
Имрӯз, 7 сентябр ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.




Ба иттилои расмӣ, дар парад беш аз 27 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ, занони низомӣ, собиқадорон ва дигар ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ширкат намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки ҳифзи амният, сулҳу субот ва дастовардҳои истиқлол аз вазифаҳои муҳими онҳо мебошад.
Гузашти низомӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Тоҷикистон ва қадамзании ҷузъу томҳои ҳарбӣ идома ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ