Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд
Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро 10 муштзан – миёни мардон Меҳроҷ Суфиҷонов (55 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шамшер Саидов (70 кг), Некрўз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) ва миёни бонувон Фариза Ёқубова (51 кг), Ҳангома Исоева (54 кг), Миҷгона Самадова (60 кг, Малика Нозимова (65 кг) муаррифӣ мекунанд. Мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Парвиз Ахмедов ва Рустам Музафаров роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон дар мусобиқа мебошанд.
Бозиҳои Осиёӣ ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад. Дар охирин мусобиқа соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин муштзанҳои тоҷик Давлат Болтаев (92 кг) нишони тило ва Миҷгона Самадова (57 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ