Дар «Амонатбонк» 35 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил карданд

Имрӯз, 5 сентябр дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Раёсати «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода, муовини якуми раиси Раёсат Х.Б. Худоёрзода, муовинони раиси Раёсат Ф.З. Ризвонзода ва Р.С. Сафарзода, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк иштирок намуданд.

Алиҷон Салимзода зимни суханронӣ Истиқлоли давлатиро бузургтарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафтҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.

Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, барои рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Раиси Раёсати «Амонатбонк» аз дастовардҳои мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва варзиш ёдовар шуда, ҳамчунин нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Рушди низоми бонкӣ дар замони Истиқлол

Дар идомаи чорабинӣ ба дастовардҳои низоми бонкии мамлакат низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Қайд шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи бонкдорӣ марҳилаи нави рушдро паси сар карда, хизматрасониҳои рақамӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва технологияҳои муосири молиявӣ ба ҷузъи муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтаанд.

Гуфта шуд, ки «Амонатбонк» низ дар ин раванд барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо пайваста тадбирҳо меандешад.

Айни замон Бонк тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии мамлакат, аз ҷумла сокинони минтақаҳои дурдаст, хизмат мерасонад. Дар сохторҳои «Амонатбонк» зиёда аз 3 ҳазор корманд фаъолият доранд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин саҳми кормандони Бонк дар рушди низоми бонкии кишвар таъкид гардид. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ наздики 30 корманди «Амонатбонк» барои хизматҳои шоён бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Низом Қосим:

Истиқлол заминаи эҳёи давлатдории миллӣ аст

Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни суханронӣ аз аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, рушди фарҳангу адабиёт ва таҳкими худшиносии миллӣ ёдовар шуд.

Ӯ ҳозиринро ба дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлол ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлат даъват кард.

Таъкид гардид, ки муваффақияти ҳар як ташкилот, пеш аз ҳама, ба меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва касбияти кормандони он вобаста аст. «Амонатбонк» низ бо такя ба кормандони донишманд, ташаббускор ва масъулиятшинос фаъолияти худро густариш дода, барои рушди соҳаи бонкдорӣ ва иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузорад.

Ғолибони «Корманди беҳтарин-2026» қадрдонӣ шуданд

Дар доираи чорабинӣ натиҷаҳои озмуни «Корманди беҳтарин-2026» низ эълон гардида, ғолибони он бо мукофотпулӣ ва рамзи махсуси озмун қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони «Амонатбонк» барои фаъолияти содиқона, касбияти баланд ва саҳми арзанда дар рушди низоми бонкӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматномаи роҳбарияти Бонк сарфароз гардонида шуданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *