Алишер Мирзонабот пас аз марг бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II қадрдонӣ шуд
Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз марг бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.
Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, ин мукофоти давлатӣ ба Алишер Мирзонабот дода шуда, рӯзи 4 сентябр Шералӣ Мирзо, сардори Саридораи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон онро ба падари марҳум супорид.
Алишер Мирзонабот 17 июни соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда буд. Мошини хидматии ӯ дар километри 282-уми роҳи Душанбе – Хоруғ, дар қитъаи байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Дар дохили мошин ҳамсари Алишер Мирзонабот, духтари хурдсолаш, инчунин ёвар ва ронандааш қарор доштанд.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш ва ронандаву ёвараш пайдо гардид. Аммо то ҳол ҷасади духтари дусолаи онҳо пайдо нашудааст.
https://pressa.tj/jasadi-raisi-viloyati-muhtori-kuhistoni-badahshon-daryoft-shud/
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ