Хатлон: Иштироки беш аз 55 ҳазор нафар дар роҳпаймоӣ ва паради ҳарбӣ

Рӯзҳои 6 ва 7 сентябр дар шаҳри Бохтар ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона ва паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, кормандони ташкилоту идораҳо, намояндагони сохторҳои гуногун ва сокинони вилоят иштирок намуданд.

Ба иттилои дастрасшуда, дар маҷмӯъ дар роҳпаймоӣ ва паради ҳарбӣ беш аз 55 ҳазор нафар ширкат варзиданд.

Чорабиниҳо дар доираи барномаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *