Дарёфти ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯии рӯйиобӣ ва зериобӣ ҷасади як нафар мард аз дарёи Панҷ берун оварда шуд.
Ба иттилои Кумита, ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Кишт аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор дар рӯйи об мушоҳида гардида, наҷотдиҳандагон онро аз об берун бароварда, ба мақомоти марбута супоридаанд.
Тибқи натиҷаи ташхиси пурраи судӣ-тиббӣ, ҷасади дарёфтшуда ба Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тааллуқ доштааст.
Пеш аз ин, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ нерӯҳои марзбонӣ аз дарёи Панҷ ҳуҷҷатҳои шахсии Алишер Мирзонабот, аз ҷумла шиноснома, ноутбук ва дафтарчаи ӯро пайдо карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан наҷотдиҳандагон ҷасадҳои Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ ва Садоншо Ҷанобалишо, ёвари ӯро пайдо карда, пас аз ташхиси судӣ-тиббӣ ҳувияти онҳоро тасдиқ намуда буданд.
Ҳамчунин, ҷустуҷӯи ҳамсари Алишер Мирзонабот – Амина Амонуллоева ва духтари хурдсолаш Орифа, ки ҳамроҳи ӯ дар мошин қарор доштанд, идома дорад.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 17 июн мошини хизматии раиси ВМКБ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз роҳ берун шуда, ба дарёи Панҷ сарозер гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ