Чеҳраи мондагори «Лаҳзаҳои гуворо» 74-сола шуд (видео)
Имрӯз, 30 июн Насриддини Нуриддин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи гурӯҳи ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо» ба синни 74 расид.
Насриддини Нуриддин хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии шаҳри Маскав (ГИТИС) буда, солҳои тӯлонӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият кардааст.
Ӯ аз соли 1992 тавассути барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои ногувор», ки баъдан бо номи «Лаҳзаҳои гуворо» маъруф гардид, бо ҳаҷв, зарофат ва нақшҳои хотирмонаш табъи миллионҳо бинандаро болида сохтааст. Имрӯз низ ҳамроҳ бо дигар ҳунармандон барномаҳои нави «Лаҳзаҳои гуворо»-ро омода намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши ҳаводорон мегардонад.
Насриддини Нуриддин соли 2008 дар Ҷашнвораи II байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин офарандаи нақши мардона» гардид.
Ӯ ахиран дар филми «Хусури ман», ки миёни тамошобинони тоҷик маҳбубияти зиёд пайдо кардааст, нақши падарро бо маҳорати баланд иҷро намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ