Барно Ашурова: Соли 1968 аз Ворух то Душанбе омадани духтар осон набуд!
Баъди соате ҳузур доштан дар суҳбати нарм, аммо пурмаънои омўзгори ростин Барно Ашурова бори дигар барои худ собит намудам, ки воқеан ҳам, шахсиятҳои гирдубари хешро дуруст намешиносем. Ҳамеша ба зоҳири онҳо, ба такаллуми боадабона, табассуми самимӣ ва оромиши чеҳраи азизони атроф таваҷҷуҳ мекунем. Намедонем, ки ин кас то ба ин мақому мартаба ба кадом роҳ расида, чӣ ранҷҳо кашида ва ҷодаи тайкардаи ў чӣ қиссаву саргузаштҳо дошта.
Роҳи пуршебуфароз, аммо омўзандаи номзади илмҳои педагогӣ, устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Барнобону ҳам айнан ҳамин гуна будааст. Мо ҳам бо шўру шаафи ҷавонӣ вақте донишҷўи ин донишгоҳ будем, гумон намекардем, ки ин зани резапайкари ором, аммо дар лаб табассум садҳо монеаҳоро гузашта, ба қуллаи мурод расидааст.

Ӯ ба мо, ки омӯзгорони оянда будем, аз тарзу усулҳои муосири таълим дарс мегуфт. Аз сабақҳои эшон дарк кардем: як дарс баробар ба як китоби беҳтарин аст, ки хонанда ба поён расонида…
Вақте Барнои 7-сола ба остонаи мактаб қадам ниҳод, дар синфхонаи кўчаку назарногири рустои Ворухи Исфара ўро падараш пешвоз гирифт. Дар аввал ситораи бахташ рўшан менамуд, чунки падар нахустин устод буд. Ў Эргашбой Ашўров, шогирди устод Садриддин Айнӣ, хатмкардаи Донишкадаи омўзгории Самарқанд, омўзгори синфҳои ибтидоӣ буд.
Бо шодмонии кўдакӣ чунин ёд меоварад: “Вақте ҳанўз тифл будам, падарам маро болои сандалӣ рост монда, қироати ғазалҳои азёдкардаамро мепурсиданд. Аз љумла, ҳеч аз хотирам намеравад, ғазали машҳури шоири номвари адабиёти классикӣ Зебунисоро мехондам:
Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.
Қиблагоҳамон бо хурсандӣ каф мезаданд. Хулоса, ҳар гоҳ, ки кўдакӣ гуфтам, симои нуронии падарам пеши назарам меояд”.
Ин ҳарфҳоро вақте Барно Ашурова мегуфт, каме сукут варзид. Эҳсос мекардам, ки зери коса нимкоса ҳаст. Шодмонии ў якбора ба як ҳузн табдил меёфт…
Дертар дар давоми суҳбат маълум гардид, ки ўро баъди хатми мактаби миёна ба таҳсили донишгоҳ иҷозат надодаанд. Соли 1948 Барно ночор барои омўхтани дўзандагӣ ба шаҳри Конибодом рафт. Ду сол он ҷо ҳам омўхт ва ҳам кор мекард. Дар ин ҷои гап боз якбора чашмонашро барқи фараҳ фаро гирифт: “Агар ҳамин дўзандагӣ намебуд, риштаи сарнавишти ман шояд бо таҳсил дар шаҳри Душанбе намепайваст. Гўё бо риштаҳо роҳи ояндаам бофта мешуд…”.
Имтиҳонҳоро дар имрўза ДМТ пинҳонӣ супурд, шавқи таҳсил меафзуд, аммо розигии падару модар зери савол буд. Падар омада, Барнобонуро аз омўзишгоҳ бурданӣ шуд, аммо бо ёрии одамони хайрхоҳе мисли Ёдгор Каримова, Гулҷаҳон Бобосодиқова ба Душанбе омад. Сарнавишт ӯро ба ин шаҳр барои ҳамеша оварда будааст. Бо он ки падару модар барои талошаш баҳри таҳсил аз ӯ каме озурда буданд, аммо он ҳама гузаштанд. Падару модар бо ҳамон сиришти илоҳӣ шоҳдухтари хешро бахшиданд ва камолу ҷамол, диплому эҳтиром ва унвони номзадии илми педагогӣ бо Барнои азиз монд.
Ҳамин ҷо, дар шаҳри Душанбе бахту саодат ёфт, бо як ҷавонмарди хистеварзӣ хонадор шуду бо моҳонаи омӯзгорӣ, дӯзандагӣ қариб ҳама хоҳарону додари хешро оиладор кард, зеро баъди марги ҷонсӯзи модари қаҳрамон саробонии ҳама фарзандон бар дӯши наҳифи ӯ монд…
Дар маориф солҳо ранҷ бурд, ранҷаш ганҷ шуд, унвони илмӣ дарёфт ва инак, устоди арҷманди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аст. Барно Ашурова, як гулдухтари ворухӣ имрӯзҳо на танҳо ифтихори донишгоҳ, балки бонуи соҳибэҳтироми шаҳри Душанбе аст. Қариб дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар шогирдрнаш кору фаъолият доранд…
Ана маҳз дар чунин фазои нарму самимӣ чашмони қаҳрамони мо нур мегирад, дар ҷонаш оташи қаноату шодмонӣ фурӯзон мешавад, бори дигар сипос ба Яздони пок мегӯяд, ки омӯзгор аст, дар авҷи ғуруру ғайрати ҷавонӣ ҷодаи ояндаи мунаввари хешро дуруст интихоб кардааст…
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ