Ифтитоҳи бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандартро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Сохтмони он моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Агентии Тоҷикстандарт пурра ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави Маркази ташхисии минтақавӣ дар маҷмӯъ дорои 51 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бино, ҳамчунин, дорои толори барҳавои маҷлисӣ буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо 80 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иншоот бо техникаву технологияҳои муосир ва таҷҳизоти зарурии ташхисиву озмоишӣ таъмин гардида, дар он барои фаъолияти самараноки кормандон ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, ки  марказ хусусияти минтақавӣ дошта, хизматрасониҳои ташхисӣ, озмоишӣ ва метрологиро барои ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Норак анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *