Аз Сино то Рӯдакӣ. Нақшҳои мондагори Марат Орифов
27 август зодрӯзи яке аз чеҳраҳои барҷастаи синамои тоҷик – Марат Орифов аст. Соли 2026 ба 91-солагии зодрӯзи ӯ рост меояд.
Марат Орифов 27 августи соли 1935 дар Сталинобод – Душанбеи имрӯза ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводаи ҳунарманд ба воя расид. Модараш Туҳфа Фозилова, сароянда ва ҳунарпешаи машҳур буд. Солҳои 1954–1960 Марат Орифов дар факултети актёрии Институти театрӣ-бадеии Тошканд ба номи Островский таҳсил кард. Баъдан соли 1965 факултети коргардонии ВГИК-и Маскавро дар коргоҳи Сергей Герасимов хатм намуд.
Фаъолияти ӯ дар синамо аз соли 1956 оғоз шудааст. Яке аз нахустин ва муҳимтарин нақшҳои Марат Орифов образи Абӯалӣ ибни Сино дар филми «Авитсенна» буд. Баъдан ӯ дар «Мансаби баланд», «Вақти зангирии писар расид», «Насриддин дар Хуҷанд», «Коваи оҳангар», «То пагоҳ», «Замони осоишта» ва даҳҳо филми дигар нақш офарид.
Аммо нақше, ки номи Марат Орифовро ба таърихи синамои тоҷик ворид кард, образи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми «Қисмати шоир» буд. Филм соли 1959 аз ҷониби коргардони маъруф Борис Кимёгаров, бар асоси асари Сотим Улуғзода таҳия шуд. Барои иҷрои нақши Рӯдакӣ Марат Орифов соли 1960 бо дипломи Кинофестивали умумииттифоқӣ дар Минск ва ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии Қоҳира сарфароз гардид.
Марат Орифов соли 2008 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Ҳунарпешаи маъруф 29 октябри соли 2018, дар синни 83-солагӣ, пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб, дар паҳлуи модараш Туҳфа Фозилова ба хок супорида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ