Туҳфаи ПрезидентиӮзбекистон ба Доналд Трамп

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба президенти ИМА Доналд Трамп ду айвони кандакоришуда туҳфа кардааст. Қарор аст ин айвонҳо дар боғи West Potomac Parkи шаҳри Вашингтон насб шаванд.

Ба иттилои расонаҳо, айвонҳо аз Тошканд ба Вашингтон интиқол дода шудаанд. Онҳо бо кандакориҳои мураккаби чӯбӣ оро ёфта, намунаи ҳунари меъморӣ ва ҳунарҳои суннатии Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунанд.

Кэти Мартин, мудири робита бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилии ИМА гуфтааст, ки туҳфаи Шавкат Мирзиёевро Доналд Трамп аз номи мардуми Амрико қабул намудааст. Ба гуфтаи ӯ, меҳмонони боғи West Potomac имкон хоҳанд дошт, ки тирамоҳи имсол ин ҳадяҳоро тамошо кунанд.

Сафири Ӯзбекистон дар ИМА Фурқат Сиддиқов низ гуфтааст, ки ин ду айвон бояд ба “рамзи дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида” табдил ёбанд.

Қарор аст дар боғи West Potomac бо ташаббуси Доналд Трамп “Боғи миллии қаҳрамонони Амрико” бунёд шавад ва айвонҳои туҳфакардаи ҷониби Ӯзбекистон низ дар ҳамин минтақа ҷойгир карда шаванд.

Ин туҳфа дар пасманзари густариши муносибатҳои иқтисодию сиёсии Тошканд ва Вашингтон сурат мегирад. Моҳи июни соли 2026 ду кишвар музокиротро барои бастани созишномаи нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ суръат бахшиданд.

Қаблан, моҳи ноябри соли 2025, зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Вашингтон миёни Ӯзбекистон ва ИМА як қатор созишномаҳо ба имзо расида буданд. Доналд Трамп он замон гуфта буд, ки дар се соли оянда ҳаҷми сармоягузорӣ ва хариди молу маҳсулоти амрикоӣ аз ҷониби Ӯзбекистон метавонад ба қариб 35 миллиард доллар ва дар даҳ соли баъдӣ ба беш аз 100 миллиард доллар бирасад.

Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2025 Ӯзбекистон барои харидани 22 ҳавопаймои “Boeing 787 Dreamliner” қарордод баста буд. Ин созиш низ аз ҷониби президенти ИМА ҳамчун нишонаи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *