«Роғун» ба марҳалаи нав ворид мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо сохтмончиёни нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” дастур дод, ки агрегати №4-и нерӯгоҳ то сентябри соли 2027 ба истифода дода шавад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки то сентбри имсол сатҳи обанбор ба 1140 метр расонида шавад, то таъминоти аҳолӣ бо барқ дар давраи сармо беҳтар гардад.

60,3 млрд сомонӣ

Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо сохтмончиёни “Роғун”, ки рӯзи 21-уми август баргузор шуд, Сарвари давлат таъкид кард, ки аз соли 2008 то имрӯз барои сохтмону барқарорсозии ин иншоот аз буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ равона шудааст. Танҳо соли 2025 маблағгузории буҷетӣ 8,1 миллиард сомониро ташкил дода, барои соли 2026 бошад, 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳафт моҳи имсол аллакай 8,4 миллиард сомонӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ масраф гардидааст.  

Муҳлат то сентябри соли 2027

Муҳимтарин супориши мулоқоти ахири Президент ба агрегати рақами 4 дахл дошт. Тибқи маълумоти расмӣ, чархи кории ин агрегат рӯзҳои 29-31-юми июли соли 2026 дар корхонаи пудратчӣ дар Австрия озмоиш шуда, интиқоли он ба Тоҷикистон оғоз гардидааст. Интизор меравад, ки чархи корӣ охири моҳи сентябри имсол ба нерӯгоҳ расад.

Ширкати «Фойт Гидро»-и Австрия бо ҶСК «НБО Роғун» барои лоиҳакашӣ, таҳвил, васлу насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти электромеханикӣ ҳамкорӣ дорад. Президенти кишвар супориш дод, ки агрегати 4 моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода шавад.

Ба истифода даромадани иқтидори нав барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, зеро он имкон медиҳад истеҳсоли барқ бештар шавад ва кишварро дар фасли сармо аз мушкили барқ озод намояд.

Боло бардоштани сатҳи об

Супориши дигари Президент то аввали сентябри соли 2026 ба сатҳи 1140 метр бардоштани оби обанбор аст. Мақсад захира кардани ҳаҷми бештари об барои мавсими тирамоҳу зимистон мебошад. Президенти кишвар таъкид кардааст, ки чунин захира метавонад истеҳсоли нерӯи барқро дар фасли сармо бештар кунад.

Ин масъала низ барои Тоҷикистон муҳим аст. Зеро низоми энергетикии кишвар ба мавсим вобастагии зиёд дорад. Тобистон об фаровон аст, вале дар фасли зимистон ҳам маҷрои дарёҳо кам ва ҳам талаботи мардум ба барқ зиёд мешавад.

Аз ин рӯ, обанбори «Роғун» танҳо барои кори худи нерӯгоҳ нест. Дар оянда имкони танзими беҳтари об метавонад ба фаъолияти силсилаи нерӯгоҳҳои поёноби Вахш, аз ҷумла «Норак» низ таъсир расонад. Ба як нукта бояд таваҷҷуҳ кард: 1140 метр сатҳи оби обанбор аст. Дар ҳамин ҳол, корҳои хобонидани мавод дар худи сарбанд аллакай то нишонаи 1155 метр расидаанд. 

5,8 млрд доллар аз куҷо меояд?

Масъалаи асосии «Роғун» дар баробари суръати сохтмон ҳамоно маблағгузорӣ боқӣ мемонад. S&P Global Ratings 14-уми августи соли 2026 арзёбӣ кард, ки барои пурра анҷом додани лоиҳа боз тақрибан 5,8 миллиард доллар зарур аст. Оҷонсӣ анҷоми пурраи корҳои вобаста ба тарҳро то соли 2035 пешбинӣ мекунад. Тақрибан нисфи маблағи боқимонда бояд аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва қарздиҳандагони дуҷониба ва қисми дигар аз буҷети давлату даромади худи лоиҳа таъмин шавад.

Ин рақам аз арзёбии қаблии S&P камтар аст: моҳи августи соли 2025 сухан аз 6,4 миллиард ва моҳи феврали соли 2026 аз тақрибан 6 миллиард доллар мерафт. Аммо кам шудани маблағи боқимонда ҳатман маънои арзон шудани лоиҳаро надорад. Бо иҷро шудани корҳо қисми хароҷоти пешбинишуда аллакай пардохт мегардад. Ба арзиши ниҳоӣ бошад, таваррум, нархи таҷҳизоту масолеҳ, шароити геологӣ ва талаботи иловагии бехатарӣ таъсир мерасонанд.  

Чаро истеҳсоли барқ кам шуд?

Як рақами дигар низ қобили таваҷҷуҳ аст. Дар нимсолаи аввали соли 2026 ду агрегати амалкунандаи «Роғун» 675 миллион кВт/соат нерӯ истеҳсол кардаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161 миллион кВт/соат камтар мебошад. Ин маълумотро Вазорати энергетика ва захираҳои об низ тасдиқ кардааст.

Ин нишон медиҳад, ки то пурра шудани обанбор ва ба истифода даромадани иқтидорҳои нав, имконоти нерӯгоҳ ҳанӯз маҳдуд аст. «Роғун»-и имрӯзаро бо «Роғун»-и пас аз анҷоми сохтмон муқоиса кардан дуруст нест.

Бонки ҷаҳонӣ ҳисоб мекунад, ки нерӯгоҳ дар шакли пурраи худ метавонад солона тақрибан 14,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқи барқароршаванда истеҳсол кунад. Ин ба тақрибан 60 дарсади ҳаҷми кунунии истеҳсоли солонаи барқи Тоҷикистон баробар аст. Ба арзёбии ин ниҳод, нерӯгоҳ метавонад камбуди мавсимии барқро коҳиш дода, ҳамзамон имкони содироти неру ба Қазоқистон ва Ӯзбекистонро зиёд кунад.

Соли ҳалкунанда

Президенти кишвар дар мулоқоти хеш бо бунёдкорони “Роғун” зикр кард, ки ҳоло дар иншоот зиёда аз 20 ҳазор нафар коргару корманди муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, тақрибан 4 ҳазор мошину механизм истифода мешавад. Ҳамчунин, Сарвари давлат супориш дод, ки корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд. 

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, сентябри соли 2027 барои «Роғун» як марҳилаи калидӣ хоҳад буд. Агар агрегати №4 дар муҳлати муайяншуда ба кор дарояд, лоиҳа аз сохтмони тӯлонӣ ба марҳалаи нави афзоиши пайдарпайи иқтидор ворид мешавад.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *