Соҳибкор ба 7 кас хона туҳфа кард

Манучеҳр Каримзода, соҳибкоре аз ноҳияи Файзобод ба 7 кас, аз ҷумла 4 ятими кул, ду камбизоат ва як варзишгар хонаҳои дуҳуҷрадор туҳфа кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президент хабар дода, гуфтааст, ки хонаҳо дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Файзобод тақдим шуданд.

Ба қавли манбаъ, 4 ятимро хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул кардаанд ва мехоҳанд онҳоро бо ҷойи истиқомат таъмин намуда, шароити таҳсилу касбомӯзиро фароҳам оранд ва хонадорашон кунанд.

“Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад”,-навиштааст дафтари матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *