Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон
Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.
Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд.
Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ таъсис ёфта, ба номгӯи ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат дохил мешаванд.




Иншооти мазкур муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистонро ба роҳ мемонад.
Ҳамзамон, дар марказ ҷиҳати фарогирии шаҳрвандони бекор ва шахсони беихтисос ба омӯзиши касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати 1-моҳа ва 2-моҳа ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ