Вижаномаи Равшан Раҳмонӣ дар Эрон нашр шуд
Шумораи даҳуми маҷаллаи фарҳангиву адабии «Самарқанд» дар Эрон ба нашр расид. Шумораи вижа, ки дар 224 саҳифа чоп шудааст, ба зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва осори профессор Равшан Раҳмoнӣ – нависанда, пажӯҳишгар ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик бахшида шудааст.
Дар ин шумора мақолаҳои донишмандон, муҳаққиқон ва аҳли адабу фарҳанг гирд оварда шудаанд, ки ба шахсият, фаъолияти илмӣ ва саҳми Равшан Раҳмoнӣ дар рушди фолклоршиносӣ ва пажӯҳиши фарҳанги мардумӣ бахшида шудаанд.
Шумора бо мақолаи «Дар гиромидошти як устоди тоҷик»-и Алӣ Деҳбошӣ оғоз мешавад. Дар бахши «Корномаи илмии Равшан Раҳмoнӣ» мақолаи Ҷавод Расулӣ таҳти унвони «Бахше аз корномаи илмӣ ва пажӯҳишии Равшан Раҳмoнӣ» ҷой гирифтааст.
Бахши асосии маҷалла – «Зиндагӣ ва осори Равшан Раҳмoнӣ» мақолаҳои сершумори муҳаққиқонро фаро мегирад. Аз ҷумла, матлабҳои Муҳаммадҷон Шукурии Бухороӣ ва Ҷалол Ҳуҷҷатии Фаҳим, Худоӣ Шарифзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Насимов, Аббос Қанбарии Адевӣ, Мустафо Бобохонӣ, Фарид Бежан ва Кароматулло Олимзода ба табъ расидаанд.
Дар бахши «Гуфтугӯ» мусоҳибаи Қарор Муҳаммадизода таҳти унвони «Зиндагӣ, замона, корнома ва… Равшан Раҳмoнӣ ба ривояти худи ӯ» пешниҳод шудааст.
Ҳамчунин, дар шумора бахши вижаи «Шоҳнома дар миёни тоҷикон» ҷой дода шудааст, ки дар он мақолаи Равшан Раҳмoнӣ таҳти унвони «Шоҳнома дар фарҳанги мардуми тоҷик» нашр шудааст.
Равшан Раҳмонӣ – фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1998), профессор (2002) аст. Ӯ солҳои зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул аст. Муассиси маҷаллаи “Мардумгиёҳ” ва аз соли 2006 сардабири маҷаллаи «Пайванд» аст.
Самти асосии таҳқиқоти Раҳмонӣ фолклор, адабиёти шифоҳӣ, мардумшиносӣ ва фарҳанги тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон аст. Ӯ муаллиф ва таҳиягари беш аз 100 китоб ва зиёда аз 1700 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад. Дар бойгонии илмии ӯ ҳазорҳо саҳифа маводи дастнавис, акс, сабти аудиоӣ ва видеоӣ аз фарҳанги мардумӣ ҷамъ оварда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ