Ифтитоҳи се коргоҳи нав дар Левакант
26 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳҳо аз бахшҳои асосии истеҳсолӣ дидан намуда, ба раванди технологӣ, сифати маҳсулот, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки рушди саноати коркард, истифодаи технологияҳои муосир, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ