Дар Тоҷикистон боз як корхонаи нави семент бунёд мешавад
Имрӯз, 26 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузошт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардидааст.
“Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.




Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст.
Бартарии дигари корхонаи истеҳсолӣ дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.
Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ