Мехост рӯзноманигор шавад, аммо ситораи театр гардид (видео)

26 август зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова аст. Ӯ 77 – сола шуд. Дилбар Умарова соли 1949 дар Душанбе, дар оилаи рӯзноманигори маъруф Усмон Умаров таваллуд шудааст.

Ӯ дар кӯдакӣ орзуи актриса шудан надошт. Мехост мисли падараш рӯзноманигор шавад, мақола менавишт ва шеърҳояш дар нашрияҳои кӯдакону наврасон чоп мешуданд.

Аммо тақдир ӯро хеле барвақт ба синамо овард. Ҳанӯз дар 7-солагӣ дар филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» нақши хурд бозид.

Баъдан Дилбар Умарова ГИТИС-и Маскавро хатм карда, дар Театри ҷавонон ва сипас Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият намуд.

Ӯ театрро «тамоми зиндагӣ» номида, ҳатто ба хотири саҳна аз чанд пешниҳоди хуби синамо даст кашидааст.

Дилбар Умарова дар 30 филми бадеӣ нақш офаридааст. «Сароби ишқ» аз ҷумлаи филмҳои маъруфи ӯст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *