Тарзи амали маҷмӯӣ: Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад?

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои корҳои бомиқёси техникиро, ки дар нимсолаи соли 2026 гузаронида шуданд, ҷамъбаст намуд. Диққати махсус дар ин раванд ба муосиргардонии шабака равона карда шуда, дар маҷмӯъ, дар тамоми минтақаҳои кишвар 80 чорабинии техникӣ амалӣ карда шудааст.

“Хусусияти асосии нимсола тарзи амали маҷмӯӣ буд: мо ҳамзамон радиошабакаро инкишоф додем, инфрасохтори таҳвилиро вусъат бахшидем ва навсозии базаи иттилооти шабакаро ба амал баровардем. Бисёри лоиҳаҳо барои муштариён ноаён мемонанд, лекин маҳз маҷмӯи корҳо устувории алоқаи мобилӣ ва таҳвили маълумотро таъмин мекунад”, – изҳор дошт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Дар нимсолаи аввал диққати асосӣ ба муосиргардонии шабакаи амалкунанда равона карда шуд. Ба ҷойи ивази пурраи таҷҳизот дар бисёри иншоотҳо имкониятҳои онҳо аз ҳисоби фаъолсозии диапазонҳои иловагии радиобасомадҳо васеъ карда шуданд. 47 пойгоҳи базавӣ (ПБ) дар басомадҳои 4G/LTE, ки суръатҳои баланди интернети мобилиро таъмин мекунанд, ба кор шурӯъ карданд. Ҳаҷми аз ҳама зиёди корҳо ба шабакаи LTE 2600 (Band 7) рост омад. Он барои вусъат бахшидани қобилияти гузариши шабака дар минтақаҳо бо теъдоди зиёди муштариён ба кор бурда мешавад. Марҳилаи навбатӣ навсозии 150 пойгоҳи базавии насли чорум бо роҳандозии технологияи 4T4R хоҳад шуд, ки бо ёрии он истеҳсолнокӣ баланд бардошта шуда, зарфияти шабака васеъ карда мешавад.

Дар 23 нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон пойгоҳҳои нави базавӣ ба кор дароварда шуданд. Боз 85 модули иловагии 4G дар майдонҳои қаблан фаъолшудаи ПБ ба кор даромаданд. Озмоишҳои шабакаи насли панҷум гузаронида шуда, суръати таҳвили маълумот то 1,1 Гбит/с расонида шуд. Омодагии инфрасохтори оператор ба марҳилаи навбатии рушди технологӣ инро тасдиқ  менамояд.

Бунёди хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) идома дорад. Ҳалқаи таҳвилии ҷанубӣ дар вилояти Хатлон бо қобилияти гузариши 100 Гбит/с ба истифода супурда шуд. Сохтмони канали таҳвилии Душанбе-Шӯрообод-Дарвоз ба анҷом расид. Ин лоиҳаҳо сатҳи устувории шабакаро баланд бардошта, захираи лозимии қобилияти гузаришро бо назардошти афзоиши минбаъдаи трафики интернет ташкил мекунанд. То охири сол бунёди боз 180 километр ХАНН-и нав дар назар аст, ки 90 км-и онҳо хатҳои магистралӣ ба шумор мераванд.

Ҳаҷми бузурги корҳо дар базаи иттилооти шабака анҷом дода шуд. МегаФон Тоҷикистон имкониятҳои платформаи VoLTE васеъ намуд. Теъдоди истифодабарандагони фаъоли технологияе, ки садои сифаташ баландро бо таҳвили маълумот мутобиқ месозад, ба 394 ҳазор нафар расид, зарфияти  литсензионӣ бошад, то 2 миллион муштарӣ зиёд гардид. Ба ғайр аз ин, як қатор платформаҳо нав карда шуда, имконоти нави инноватсионӣ, ки барои фаъолияти дурусти алоқаи овозӣ, таҳвили маълумот, идоракунии манбаъҳои шабакавӣ ва робитаи ҳамаи элементҳои шабака ҷавобгар ҳастанд, нав карда шуд.

Корҳо оид ба рушди шабака дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ҷараён доштанд. Ҳаҷми онҳо на аз рӯйи принсипи тақсимоти баробар, балки бо назардошти талаботи воқеӣ муайян карда мешуд: мутахассисони техникӣ сатҳи сарборӣ, афзоиши истеъмоли интернети мобилӣ, шумораи муштариён ва имконоти рушди минбаъдаи ҳар як минтақаро ба инобат гирифтанд. Ҳаҷми аз ҳама зиёди корҳо дар вилояти Суғд анҷом ёфта, дар ин минтақа 24 чорабинии техникӣ амалӣ гардид. Дар ҳудуди НТМ бисёри лоиҳаҳо дар Ваҳдат, Турсунзода ва Рӯдакӣ татбиқ гардиданд. Ин ноҳияҳо дар наздикии бевосита ба Душанбе ҷойгир мебошанд ва бинобар ин таваҷҷӯҳи алоҳида ба такмили қобилияти гузариши шабака дар шароитҳои зичии баланди аҳолӣ ва афзоиши босуръати трафики интернет равона карда шуд. Дар ВМКБ шаш лоиҳа амалӣ гардид, лекин ҳар иншоот арзиши махсус дорад: бунёду корбурди шабака дар минтақаҳои баландкӯҳ вақту манбаъҳои бештар, роҳҳои ҳалли ғайристандартии муҳандисиро тақозо мекунанд. Диққати алоҳида ҳамчунин ба минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон зоҳир карда шуд. Дар қатори онҳо – Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Шамисиддин Шоҳин.  

Рушди бомиқёси инфрасохтори оператор идома дорад. То охири сол бунёди беш аз 100 пойгоҳи нави базавӣ, насби наздики 430 модулҳои иловагии LTE ва дигар чорабииҳои ба баландбардории устуворӣ ва сифати хизматрасониҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мусоидаткунанда дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *