Ҳасан Ҳайдар – ҳунарманди соҳибсабки мусиқии тоҷик
Имрӯз, 29 июл овозхони маъруф ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдар 69-сола шуд. Ӯ соли 1957 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст.
Ҳасан Ҳайдар аз ҳунармандони соҳибсабки саҳнаи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ бо овози зинда, шеваи хоси иҷро ва интихоби сурудҳои пурмазмун дар санъати мусиқии кишвар мақоми вижа пайдо кардааст.
Дар эҷодиёти овозхон сурудҳои фалсафӣ, мардумӣ ва ирфонӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Ҳасан Ҳайдар бештар ба ашъори шоирони классик ва муосири форсу тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва Лоиқ Шералӣ рӯ оварда, онҳоро бо оҳанг ва тарзи иҷрои хоси худ ба мухлисон пешниҳод кардааст.
Маҳорати баланд, эҳтиром ба шеъру мусиқии миллӣ ва садоқат ба ҳунар боис шудааст, ки сурудҳои ӯ дар миёни чанд насли шунавандагон маҳбубият пайдо кунанд.
Ҳасан Ҳайдарро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори осуда ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу менамоем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ