Султон Раҳимзода: 17 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 386,9 миллион доллар имзо шуд

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантиро барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 386,9 миллион доллари ИМА ба имзо расонидааст.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, созишномаҳои баимзорасида барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, ирригатсия ва кишоварзӣ равона шудаанд.

Султон Раҳимзода таъкид кард, ки ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок аз шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар аҳамияти калон дорад.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 89 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор дошт. Аз ин шумора 55 лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантӣ, 5 лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва 29 лоиҳа дар шакли ҳаммаблағгузории қарз ва грант амалӣ мешаванд.

Ба гуфтаи роҳбарияти Кумита, татбиқи ин лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои калидии иқтисод, таъсиси инфрасохтори нав, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *