Тафсилоти сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғ

Сӯхторе, ки нимаи дуюми рӯзи 27 июл дар як қатор мағозаҳои кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба амал омад, бо талоши кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ пурра хомӯш карда шудаааст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабар дар бораи сӯхтор тақрибан соати 15:14 ба маркази алоқаи шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидааст.

Баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса фавран панҷ автомобили оташнишонӣ ва 72 корманди хадамот сафарбар карда шуданд.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон муайян гардид, ки алангаи оташ дохил ва болопӯши мағозаҳои воқеъ дар кӯчаи Шоҳтемурро дар масоҳати тақрибан 150 метри мураббаъ фаро гирифтааст.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо роҳандозии амалиёти саривақтӣ ва истифодаи усулҳои тактикии хомӯшсозӣ тавонистанд пеши роҳи густариши алангаро гиранд. Сӯхтор дар ҳудуди масоҳати аввалия пурра хомӯш карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло мутахассисон сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *