Дар Тоҷикистон қабули нахустин довталабон ба «Мактаби 21» оғоз шуд

Дар Тоҷикистон қабули нахустин довталабон ба маркази таълимии «Мактаби 21» оғоз гардид. Дар ин бора имрӯз, 28 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода шуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сбер» амалӣ мешавад.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, қабули довталабон аз марҳилаи интихобии «бассейн» оғоз мегардад. Дар он ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло, новобаста аз сатҳи таҳсилот, таҷрибаи корӣ ё дониши пешакии барномасозӣ метавонанд иштирок намоянд. Омӯзиш дар «Мактаби 21» пурра ройгон буда, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.

Парвиз Нориён, муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишаст таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ омода намудани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз афзалиятҳои асосии давлат табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, «Мактаби 21» дар оянда ҳамчун муассисаи муҳими миллӣ барои тайёр намудани кадрҳои рақамӣ хизмат хоҳад кард.

Дар навбати худ, Ҳаким Исмоилзода, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар давраи рушди босуръати зеҳни сунъӣ маҳз ҷавонон сармояи асосии кишвар ба ҳисоб мераванд. Ӯ таъкид намуд, ки фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳамаи шаҳрвандон аз ҳадафҳои муҳими давлат буда, фаъолияти «Мактаби 21» метавонад дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.

Бино ба иттилои масъулон, раванди қабул аз чанд марҳила иборат аст. Пас аз бақайдгирӣ ва гузаштани санҷиши онлайн довталабон ба марҳилаи 14-рӯзаи интихобӣ – «бассейн» роҳ меёбанд. Танҳо иштирокчиёне, ки аз ин марҳила бомуваффақият мегузаранд, имкони оғоз кардани таҳсилро пайдо мекунанд.

Дар доираи барномаи таълимӣ иштирокчиён метавонанд дар зиёда аз 20 самти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла таҳияи нармафзор, амнияти киберӣ, таҳлили додаҳо, таҳияи замимаҳои рақамӣ ва дигар ихтисосҳои муосир дониш андӯзанд.

Зимни нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки «Мактаби 21» усули инноватсионии омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол» (peer-to-peer)-ро истифода мебарад, ки дар он иштирокчиён тавассути ҳамкорӣ ва ҳалли муштараки масъалаҳо дониш ва малакаҳои амалиро аз худ мекунанд. Ба гуфтаи масъулон, хатмкунандагони ин муассиса имкони дарёфти ҷойи кор дар ширкатҳои бузурги технологӣ, корхонаҳои рақамӣ ва стартапҳоро пайдо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, роҳандозии «Мактаби 21» қадами муҳим дар самти рушди захираҳои инсонии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ буда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва бозори муосири меҳнат мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *