Хатлон: Эътироз ба беш аз 350 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо

Дар шаш моҳи соли равон ба зиёда аз 350 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирозӣ прокурорӣ оварда шудааст. Ин нукта дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон зикр гардид.

Икром Зоирзода, прокурори вилояти Хатлон афзуд, ки давоми шаш моҳи соли равон ба 353 қарор ва амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳия эътироз оварда шудааст.

 Ба иттилои ӯ,  аз ин шумора беш аз 70 дарсад ба масъалаи замин вобаста аст.
“Бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Бохтар, Панҷ, Шаҳритус ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба қарорҳои раисон эътирози прокурорӣ оварда шудааст”, – таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *