Тахриби хонаҳои худсарона бунёдшуда дар Душанбе

Дар маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чанд хонаи истиқоматие, ки бидуни иҷозат ва мувофиқаҳои зарурӣ сохта шуда буданд, тахриб карда шуданд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, иншооти мазкур пас аз қабули қарори дахлдор аз ҷониби гурӯҳи корӣ пурра бардошта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони ин хонаҳо бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ анҷом дода шуда буд.

Мақомоти милитсия бори дигар аз шаҳрвандон даъват карданд, ки пеш аз оғози корҳои сохтмонӣ тамоми ҳуҷҷатҳои иҷозатномавиро дастрас намуда, талаботи қонунгузориро қатъиян риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *