Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисони идораи бесарнишин оғоз кард
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисон дар самти идораи тайёраҳои бесарнишин оғоз намудааст. Дар ин бора имрӯз, 28 июл ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон 25 нафар аз рӯи ин ихтисоси нав таҳсил мекунанд. Барои баргузории машғулиятҳои амалӣ донишҷӯён аз пойгоҳи моддию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Зоир Раҳмонзода таъкид намуд, ки роҳандозии ин ихтисос бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони соҳаи технологияҳои бесарнишин амалӣ гардида, ба омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои инноватсионии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ, донишҷӯён дар доираи барномаи таълимӣ донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии идоракунии тайёраҳои бесарнишинро аз худ намуда, таҷрибаомӯзиро дар заминаи муассисаҳои ҳамкор мегузаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ