Дар Тоҷикистон мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” анҷом ёфт
Зиёда аз 1625 футболбози наврас дар мусобиқаҳое, ки аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуданд, иштирок намуданд. Дар 25-солагии ширкат бозиҳои мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” дар Бохтар, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Шаҳринав баргузор шуданд.
“МегаФон Life дар сабки футбол” соли дуюм аст, ки пайиҳам писарбачаҳоро аз тамоми минтақаҳои кишвар муттаҳид намуда, ба яке аз бузургтарин мусобиқаҳои кӯдакона дар Тоҷикистон табдил меёбад. Дар мавсими 2026 88 бозӣ баргузор шуда, барои унвонҳои чемпионӣ 65 даста мубориза бурданд. Меҳмонони фахрии бозиҳои даври ниҳоӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷамъиятҳои футбол буданд. Дар чунин фазо барои писарбачаҳо нишон додани маҳорату истеъдоди варзишӣ ва кӯшишу талош баҳри пирӯзӣ хеле муҳим буд.





“Мо мебинем, ки ин мусобиқа то чӣ андоза таваҷҷуҳи кӯдакон, волидайн ва мураббиёнро дар саросари кишвар ба худ ҷалб месозад. Ва ин тааҷҷубовар нест: “МегаФон Life дар сабки футбол” – фазои хосест, ки дар он кӯдакон кори дастаҷамъона ва интизомро аз худ карда, иродаашонро мустаҳкаму қавӣ мегардонанд. Дар 25-умин солагрди ширкатамон мо хушҳолем, ки ба иштирокчиёни нав орзуи футболи бузург ва ҳосил кардани бовариро ба нерӯи худ ҳадя менамоем. Зеро шахси қавиирода ҳатман қаҳрамон мегардад!” – мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.



“Барои кӯдак иштирок дар мусобиқаи бузурги ҳақиқӣ ва эҳсоси дастгирии мухлисон хеле муҳим аст. Чунин лоиҳаҳо кӯдаконро баҳри ҷиддӣ машғул шудан ба варзиш, талош варзидан ҷиҳати ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд илҳом мебахшанд. Фарогирии тамоми минтақаҳои кишвар яке аз муҳимтарин бартариҳои ин мусобиқаҳо ба ҳисоб меравад”, – иброз дошт директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев.
Мусобиқа барои футболбозони наврас воқеан сарчашмаи илҳом ва умед ба оянда гардид. “Ба ман бозӣ кардан хеле писанд омад. Дар ин ҷо дастаҳои пурқувват, тамошобинони зиёд ҷамъ омада, фазои ҳақиқии футбол ҳукмфармо буд. Акнун мехоҳам боз ҳам бештар тамрин намоям, то рӯзе дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунам!” – гуфт Шоҳрух, иштирокчӣ аз Хуҷанд.
Шарики лоиҳа ҶСП “Яхмоси 33” баромад намуд. Ширкат соли дуюм аст, ки пайиҳам мусобиқаро дастгирӣ намуда, ба таври анъанавӣ барои иштирокчиёни бозиҳои даври ниҳоӣ туҳфаҳои ширин – яхмос омода мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ