Темур Зулфиқоров – 30 китоб бо 12 забон ва 90 соли умр (видео)

17 август зодрӯзи адиби барҷастаи тоҷику рус, Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Зулфиқоров аст. Ӯ  90 – сола шуд.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1961 Институти адабии ба номи Максим Горкийи Маскавро хатм карда, ҳамчун шоир, нависанда, драматург, мутафаккир ва филмноманавис шуҳрат ёфтааст.

Зулфиқоров муаллифи тақрибан 30 китоби назму наср аст. Асарҳои ӯ бо миллионҳо нусха нашр шуда, ба 12 забони ҷаҳон тарҷума гардидаанд. Дар эҷодиёти адиб Шарқу Ғарб, фарҳанги тоҷику форс ва адабиёти рус бо ҳам омезиш ёфтаанд. Махсусан образҳои Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Амир Темур ва Иван Грозний дар осори ӯ ҷойгоҳи муҳим доранд.

Аз маъруфтарин китобҳои ӯ метавон «Земные и небесные странствия поэта», «Первая любовь Ходжи Насреддина», «Золотые притчи Ходжи Насреддина», «Книга смерти Амира Тимура», «Коралловая Эфа» ва «Золотые письма любви»-ро ном бурд. Барои «Земные и небесные странствия поэта» ӯ барандаи ҷоизаи англисии «Коллетс» дар бахши «Беҳтарин романи Аврупо – 93» гардид. Соли 2004 ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва соли 2017 барои «Золотые письма любви» Ҷоизаи Бунин-ро соҳиб шуд.

Темур Зулфиқоров дар рушди синамо низ саҳми назаррас дорад. Аз рӯйи филмномаҳои ӯ «Человек уходит за птицами», «Черная курица, или Подземные жители», «Миражи любви», инчунин «Рояли сафед», «Ошпаз ва овозхон» ва чандин филми дигар офарида шудаанд.

Яке аз қаҳрамонҳои дӯстдоштаи адиб Хоҷа Насриддин аст. Зулфиқоров дар ду роман ва садҳо тамсилу ҳикоя ин чеҳраи мардумиро на танҳо ҳамчун шахси зарофатгӯ, балки ҳамчун ҳаким ва мутафаккир тасвир кардааст.

Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ буда, соли 2020 соҳиби Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод» гардид. Соли 2024 ба ӯ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуда, ҳамон сол бо ордени «Шараф» дараҷаи I қадрдонӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *